Рушди иқтисоди Тоҷикистон аз пешгӯиҳо зиёдтар шуд: омори коршиносон

© stevepb / pixabayКалькулятор и график
Калькулятор и график - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2021
Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2021 баландтарин мизон дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад
ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар Тоҷикистон ба таъмини устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мусоидат карданд.
Дар ин бора сардори раёсати пешгӯии макроиқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар Муҳаммад Ҷалолзода хабар дод.
Ҳамин тариқ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба 67,1 миллиард сомонӣ (5,9 миллиард доллар) расидааст. Ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта 55,6 миллиард сомонӣ (4,9 миллиард доллар) буд, афзуд мутахассис.
Здание Всемирного банка  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
Сандуқи Байналмилалии Пул ваъда дод, ки иқтисоди Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад
Суръати афзоиш дар соли ҷорӣ 8,9 фоизро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 4,7 фоиз зиёд мебошад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2021 дар сатҳи 7,6% пешбинӣ карда буд.
Ба гуфтаи Ҷалолзода, Сандуқи Байналмилалии Пул низ рушди иқтисодии ҷумҳуриро баландтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ арзёбӣ кардааст.
Гуфта мешавад, ки суръати рушди иқтисод аз ҳисоби афзоиши савдои хориҷӣ 33,1 фоиз, аз ҷумла содирот 1,3 баробар афзудааст.
Заседание правительства РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
Баҳси буҷа дар Маҷлиси Ҳукумат: Дастури Раҳмон барои пардохти бетаъхири маошу кумакпулиҳо
Илова бар ин суръати рушди иқтисод аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳоти зер чунин таъмин гардидааст:
сармояи асосӣ - 29,6%;
истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ - 22,6%;
мусофирбарӣ - 13%;
гардиши савдои дохилӣ - 14%;
кишоварзӣ - 6,3%;
борбарӣ - 1%;
хидматрасонии пулакӣ - 12%;
гардиши тиҷорати хориҷӣ - 33,1%.
Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин муддат 12 фоиз афзоиш ёфта, ҳиссаи бахши хусусӣ дар ташаккули маҳсулоти саноатӣ 90,3 дарсадро ташкил дод, ки нисбат ба 9 моҳи соли 2020 2,5 фисад зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала