Равоншинос се аломати норӯшани хиёнати мардонро гуфт

© Pixabay / StockSnap Влюбленная пара
Влюбленная пара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2021
Обуна шудан
Мутахассис муътақид аст, ки баъзан мардон бехабар робитаҳояшонро дар паҳлу ба намоиш мегузоранд. Ӯ гуфт, занон ба чӣ бояд таваҷҷуҳ кунанд
ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Равоншинос Александр Шахов дар суҳбат бо шабакаи "Пятый канал"-и Русия дар бораи се аломати норӯшани хиёнати мард гуфт.
Ӯ қайд кард, ки мардон баъзан беихтиёр робитаҳои худро дар паҳлу нишон медиҳанд.

Пинҳон кардани муносибат

Дар аксар ҳолат вақте ҳамсар хиёнат мекунад ё қасди анҷоми ин корро дорад, ӯ мукотибаи худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмҳои телефонӣ аз ҳамсараш пинҳон мекунад.
Ва пеш аз ҳама ӯ бо объекти мавриди алоқаи ҷинсияш иртибот мекунад, аммо талош мекунад, ҳамсараш аз ин ҳама огоҳ нашавад.

"Аксари онҳое, ки чунин рафтор мекунанд, комилан мухолифи кушодани мукотиба барои шарики доимӣ ҳастанд. Ва далел меоранд, ки ин фазои шахсӣ аст", - гуфт ӯ.

Аммо дар аксари мавридҳо ин хиёнат аст. Барои ҷилавгирӣ аз ин Шахов ба ҳамсарон тавсия додааст, ки принсипи "гуфтугӯи озод"-ро риоя кунанд.
Лола Юлдашева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
Лола Юлдошева гуфт, чӣ кор бояд кард, агар шавҳар хиёнат кунад - акс
Яъне шумо ҳамеша метавонед бигӯед, бо кӣ ва чӣ гуна робита доред, бидуни изҳори тафсилот. Вале аз ин қоида набояд сӯистифода кард.
"Дар акси ҳол низоъ ва аз байн рафтани эътимод аз эҳтимол дур нест", - мутмаин аст коршинос.

Бепарвоӣ

Тағйироти нофаҳмо дар рӯҳияи шарик метавонад аз фиребкунӣ дарак диҳад. Масалан, вай нисбат ба корҳои зан ё маъшуқааш бепарвоӣ зоҳир мекунад, асабонӣ мешавад, аён аст, ки дар бари ӯ будан дилгиркунанда аст.
"Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки муносибат ҷолибӣ, ҷаззобӣ ва ширинии худро аз даст медиҳад. Вақте ки шарик аз шумо дилгир мешавад, вай эҳтимол дорад, аллакай касеро пайдо кардааст ё дар ҷустуҷӯи чунин шахс аст", - таъкид намуд мутахассис.
Пара в кровати, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2019
Олимон гуфтанд, ки кадом мардон ба хиёнат қодиранд
Аммо дар зиндагии самимӣ мавҷудияти робитаҳои дигар метавонад ба ҳеҷ ваҷҳ таъсир надошта бошад. Алоқаи ҷинсии мунтазам бо шарик на ҳамеша кафолат медиҳад, ки ӯ маъшуқа надорад. Аммо аксари занҳо коҳиши таваҷҷуҳ ба худро бо ҳузури зани “дигар” рабт медиҳанд.
"Албатта, баъзан мард талаботи ҷинсии худро дар канор қонеъ мекунад. Аммо ин на ҳамеша чунин аст. Аломатҳои бепарвоӣ, хашмгинӣ, ҷанҷолҳои зиёд метавонад нишони он бошад, ки ӯ касе дорад, ки аз вай эҳсосоти мусбат мегирад" - шарҳ дод Шахов.

Тағйири фалсафа

Агар мард бе ягон сабаб бигӯяд, ки ҳама мардон табиатан шавқ ба бисёрзанӣ доранд, вақти он расидааст, ки зан бонги изтироб занад.
Қиссаҳо дар бораи хиёнати дӯстон бо ризоияти занҳояшон, инчунин баҳсҳо дар бораи ҷолибии ҳарам аз ҷои холӣ ба вуҷуд намеоянд.
Молодые люди в кафе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2018
Олимон исбот карданд, ки кадом занон ба хиёнат қодиранд
Мардон майл доранд, ки хоҳиши хиёнатро бо як системаи фалсафии муайян сафед кунанд.

"Ин як ишора аст - эҳсосот ва қобилияти фаҳмидани муносибати шарик ба фиреб ва иваз кардани шарики ҷинсӣ бидуни изҳори мустақими хоҳиши худ", - гуфт Шахов.

Мардон табиатан хоҳишманди бисёрзанӣ будаанд. Аммо замона дигар шудааст ва ҳоло ин баҳонаи хиёнати онҳо нест, итминон медиҳад равоншинос.
Лентаи хабарҳо
0