Тирпаронӣ дар майдони футбол: довар захмӣ шуд - видеои задухӯрд

Футболбозони ба воҳимаафтода аз майдон мегурехтанду задухӯрд ба ҷанҷоли мусаллаҳона табдил ёфт
Дар ҷараёни бозӣ сармураббии бошгоҳи "Ферро"-и Аргентина Маурисио Ромеро аз зарби тир захмӣ шуд. Дар ин бора "Sport Bible" менависад.
Дар майдон бозии тимҳои дивизиони сеюми футболи Аргентина "Ферро" ва "Уракан" ҷараён дошт.
Дар дақиқаи 79-уми бозӣ ҷанҷол сар зад. Мухлисони тимҳо ба задухӯрд оғоз ва ба сӯйи ҳамдигар тирпаронӣ карданд.
Футболбоз доварро аз пой афтонд ва бераҳмона шаллоқ зад - видео
Дар натиҷа яке аз тирҳо ба китфи Ромеро бархӯрд. Дар видео дида мешавад, ки футболбозони ба ваҳмафтода фирор мекунанд ва ба кумаки мураббии маҷрӯҳ мешитобанд.
Бозӣ бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи "Уракан" қатъ гашт. Гузашта аз ин расонаҳо дар бораи қурбониёни дигари ҳодиса хабар надодаанд.
Ба Ромеро фавран ёрии аввалин расондаанду баъдтар ӯро дар беморхона бистарӣ кардаанд.
Баъди сиҳҳат шудан мураббӣ ният дорад, ки ба пулис шикоят кунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала