Меҳ кори фурудгоҳҳои Маскавро халалдор кард: беш аз сад парвоз лағв шуд

© Sputnik / Olga Golovko / Гузариш ба медиабонкДевушка на улице Горбунова в Москве
Девушка на улице Горбунова в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2021
Обуна шудан
Дар се фурудгоҳи шаҳри Маскав дастикам сад парвоз лағв шуд
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Бар асари меҳ дар фурудгоҳҳои шаҳри Маскав беш аз сад парвоз лағв шуд, хабар медиҳад хадамоти "Яндекс.Респисание".
Ҳамин тариқ, то соати 08:30 дар фурудгоҳи Внукова панҷ парвоз комилан лағв ва 20 парвоз ба вақти номуайян гузошта шуданд. Чунин вазъият дар Домодедово ва Шереметово низ сурат гирифт. Дар Домодедово 15 парвоз лағву 29 парвози дигар боздошта шуд. Дар Шереметово бошад, парвози 15 ҳавопаймо манъ гардиду 35 парвози дигар ба таъхир гузошта шуд.
Дар ҳамин ҳол Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ афзуд, беш аз 30 ҳавопаймо натавонист дар Маскав фуруд ояд.
Меҳ шаби 1 ноябр дар Маскав бар асари поин рафтани ҳарорат ба вуҷуд омад ва то субҳи рӯзи 2-юми ноябр боқӣ буд.
Лентаи хабарҳо
0