Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват чанд фисад иҷро шуд: ВМКБ ба анҷом расонид

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанВоенный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана
Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2021
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, давоми як моҳи ахир даъвати наваскарон беш аз 65 дарсад иҷро шудааст
ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Аз Вазорати дифои Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки дар як моҳи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ ВМКБ нахустин шуда, барномаро сад фисад иҷро кард.
Ба иттилои манбаъ, даъват ба артиш дар шаҳри Душанбе низ наздик ба анҷомёбист.
Вилояти Суғд бошад, давоми як моҳ 56 ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 80 фоизи нақшаи даъватро иҷро кардаанд.
Барномаи даъват ба хидмат дар вилояти Хатлон 54 дарсад иҷроӣ шудааст, ки нисбат ба дигар шаҳру навоҳӣ камтар аст.
Военнослужащие армии Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2021
Тоҷикистон ба топ - 100 артиши тавонои ҷаҳон ворид шуд
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон усули даъват ба хидмати сарбозӣ тағйир ёфтааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар авоили соли 2021, пас аз ризоияти парлумон Қонун "Дар бораи уҳдадории умумии низомӣ" дар таҳрири навро имзо кард, ки бар асоси он, ҷавонон акнун метавонанд пас аз пардохти маблағи муайян аз хидмати дусолаи низомӣ озод шаванд.
Маблағе, ки барои озод шудан аз хидмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, 25,2 ҳазор сомонӣ (ё 2,2 ҳазор доллар) мебошад.
Ҳамчунин, тибқи қонуни нав, хатмкунандагони донишгоҳҳо ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, онҳо бояд як сол дар артиш хидмат кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала