ДОИШ* масъулияти ҳамла ба бемористони низомии Кобулро ба уҳда гирифт

© AP / Wali SabawoonДым от взрыва возле аэропорта в Кабуле, Афганистан
Дым от взрыва возле аэропорта в Кабуле, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2021
Гурӯҳи террористии ДОИШ* масъулияти ҳамла ба бемористони Сардор Муҳаммад Довуд дар пойтахти Афғонистонро, ки даҳҳо қурбонӣ дар пай дошт, ба уҳда гирифт
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Гурӯҳи ДОИШ* дар эъломияе масъулияти ҳамла ба бемористони низомӣ дар ноҳияи Вазир Акбархони Кобулро бар уҳда гирифт, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
Ин гурӯҳ иддао кардааст, ки дар ҳамлаи рӯзи сешанбе ба беморхонаи низомӣ 40 узви "Толибон"*, аз ҷумла як узви баландпоя кушта шудааст.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи "Толибон"* низ ин ҳамларо ба ДОИШ* рабт дод ва гуфт, панҷ ҳамлагари ин гурӯҳ кушта шуд.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҳамла се зан, як кӯдак ва се узви "Толибон"* кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шудаанд.
Медики помогают пострадавшим от двух мощных взрывов, произошедших в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2021
23 кас куштаву 50 захмӣ - ҷузъиёти тозаи таркишҳо дар Кобул
Дар ҳамин ҳол "Reuters" бо такя ба манобеаш дар миёни "Толибон"* хабар дод, ки дар ин ҳодиса 34 нафар кушта ва беш аз 50 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Ин ҳодиса бо ду таркиш оғоз ва сипас ҳамлагарон вориди бемористони низомӣ шуданд.
Гуфта мешавад, тайи ин ҳамла Мавлавӣ Аҳмадуллоҳ Мухлис, як фармондеҳи аршади "Толибон"* низ кушта шудааст.
Аҳмадуллоҳ Мухлис нахустин узви "Толибон"* буд, ки пас аз суқути Кобул вориди Арг шуд ва ба курсии Ашраф Ғанӣ такя зад.
Гуфта мешавад, ӯ масъули қули урдӯи Кобул буд ва дар байни фармондеҳони "Толибон"* қудрати хеле зиёд дошт.
* - ташкилоти террористии фаъолияташ дар Федератсияи Русия ва Тоҷикистон мамнуъ
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала