Ҳавои Тоҷикистон чӣ гуна мешавад: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон

© Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе, архивное фото
Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2021
Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, ҳавои Тоҷикистон тағйирёбанда ва бебориш мешавад
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Тибқи гузориши Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 9-14, дар баъзе ноҳияҳо то 16-21 дараҷа сард ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм хоҳад буд.
Душанбе в снегу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2021
Бориши шадиди барфу борон: ҳушдори ҳавошиносон аз се рӯзи номусоид
Сокинони Хатлонро ҳавои тағйирёбанда ва бебориш интизор аст.
Ҳарорат дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм гузориш шудааст.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм пешгӯӣ шудааст.
Сокинон ва меҳмонони пойтахтро ҳавои тағйирёбандаи бебориш интизор аст. Дамои ҳавои шабона 2-4 ва рӯзона 19-21 дараҷа хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала