Ҳукумати Мастчоҳ: Ноноварони ноҳия беш аз 2,4 миллион доллар интиқол додаанд

Купюра, доллар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2021
Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ муҳоҷирони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд 273,7 миллион сомонӣ, муодили беш аз 2,4 миллион доллар ба кишвар, барои хонаводаҳои худ интиқол додаанд
ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Алишер Қурбонов, мудири бахши рушди иқтисод ва савдои ноҳияи Мастчоҳ дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод. Ӯ афзуд, ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ 171, 5 миллион сомонӣ ва ё 266 дарсад зиёд будааст.
Дар ин давраи як соли пеш маблағи интиқолнамудаи муҳоҷирони ноҳия 102 миллион сомонӣ буд. Бино ба иттилои Қурбонов, омори интиқоли пули муҳоҷирон аз ҷониби бонкҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолияткунанда ироа шудааст.

“Дар ҳудуди ноҳия филиали шаш бонки расмӣ амал мекунанд, ки яке аз бахши кори онҳо дастраснамоии пули интиқолнамудаи муҳоҷирон ба аъзои хонаводаҳояшон ба ҳисоб меравад. Ин бонкҳо омори интиқоли пул ба кишварро ҳар моҳ унвонии мо ироа менамоянд”, - гуфт мудири бахши рушди иқтисод ва савдои ноҳияи Мастчоҳ.

Алишер Қурбонов сабаби афзоиши интиқоли пули муҳоҷиронро ба бештари шудани шумори онҳо дар хориҷ рабт медиҳад.
Денежные купюры и смартфон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
Русия интиқоли пул ба Тоҷикистонро сода мекунад
Бино ба таъкиди ӯ, ба фарқ аз соли 2020, ки ба далели хуруҷи пандемияи COVID-19 марзҳо баста буд, дар оғози соли ҷорӣ бо беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ ва боз шудани хатсайрҳои чартерии ҳавоӣ шумори бештари сокинони ноҳия барои рафтан ба муҳоҷирати корӣ ба Русия имкон пайдо намуданд.
Бар пояи иттилои расмӣ, давоми 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 4230 сокини ноҳияи Мастчоҳ ба муҳоҷирати корӣ, ба шаҳрҳои Федератсияи Русия рафтаанд, ки ин рақам дар муқоиса ба ин давраи соли 2020 460 нафар зиёд гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала