Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Кишварҳои ОМ наметавонанд ба танҳоӣ бо таҳдидҳои Афғонистон мубориза баранд: коршинос

© Sputnik / Антон КурилкинВоенные учения ШОС "Мирная миссия-2018"
Военные учения ШОС Мирная миссия-2018 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2021
Обуна шудан
Кишварҳои Осиёи Марказӣ дарк мекунанд, ки сарфи назар аз рейтингҳои таъсирбахш ба танҳоӣ муқобила бо таҳдидҳо аз ҷониби Афғонистон имконнопазир аст
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Коршиноси Анҷумани сиёсатшиносони ҳарбӣ, полковники эҳтиётӣ Андрей Кошкин гуфт, ҳеҷ як кишвари Осиёи Марказӣ ба танҳоӣ ба таҳдиди эҳтимолӣ аз сӯйи Афғонистон тоб оварда наметавонад.
Ба гуфтаи ӯ, раҳбарони ин кишварҳо инро хуб дарк ва талошҳои муштаракро дар ҷиҳати ҷилавгирӣ аз вуруди гурӯҳҳои террористӣ, қочоқи маводи мухаддиру таҳдидҳои дигар пас аз хурӯҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон ҳамоҳанг мекунанд.
Дар ин масъала бо Русия низ ҳамкории зич сурат мегирад. Натиҷаи инро дар мисоли ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон дидан мумкин аст.
Военнослужащие армии Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2021
Тоҷикистон ба топ - 100 артиши тавонои ҷаҳон ворид шуд
Дар феҳристи навшудаи "Global Firepower Index - 2021" артиши Ӯзбекистон аз рӯи қудрат дар Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал ва дар ҷаҳон зинаи 51-умро ишғол кардааст (Тоҷикистон 99-ум). Коршинос гуфт, ин дастовард, таҷдиди артиши Ӯзбекистон пеш аз ҳама бо силоҳи Русия асос ёфтааст.

"Буд замоне ки Ӯзбекистон кӯшиш мекард, ки аз хориҷ чизе ба даст орад, аммо фаҳмид, ки ба онҳо чизҳои нолозиме аз нерӯҳои мусаллаҳи давлатҳои Аврупо дода мешавад", - ба ёд меорад Кошкин.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз техникаи низомии хеле хуб, ки аз Русия ворид мешавад, хусусияти сохторӣ ва омодагии кадрҳои низомии он ба шароити Ӯзбекистон мутобиқ карда шудааст.
Аммо дар меҳвари ин ҳама таҷрибаи омӯзишии шӯравӣ ва қобилияти ҳамкорӣ бо низомиёни Русия қарор дорад.
"Бояд дар хотир дошт, ки агар Ӯзбекистон дар зинаи 51-ум бошад, Беларус дар зинаи 50-ум қарор дорад. Ин дар ҳолест, ки мо бевосита сарпарастӣ мекунем ва бо давлатҳои иттифоқи худ ҳамкорӣ дорем. Ва дар ин ҷо, дар Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон, ки роҳи баромад ба баҳр надорад, имрӯз хеле суботкорона пеш рафта истодааст”, - гуфт полковники эҳтиётӣ.
Вай ёдовар шуда, ки нерӯҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон тақрибан дар ҳамаи машқҳои низомӣ, ки бо ширкати Русия баргузор мешаванд, ширкат мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0