Нашри матлаби ҷадиди марбут ба амнияти “Sputnik Light” дар маҷаллаи “The Lancet”

© Sputnik / Сергей БатуринДоставка новой партии российской вакцины от коронавирусной инфекции "Спутник Лайт"
Доставка новой партии российской вакцины от коронавирусной инфекции Спутник Лайт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2021
Маҷаллаи тиббии “The Lancet” мақолаи нави Маркази Гамалея дар бораи амнияти ваксинаи “Sputnik Light”-ро нашр кард.
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Дар ин бора Бунёди русии сармоягузории мустақими Федератсияи Русия, ки сарпарасти тадқиқот аст, ба РИА "Новости" хабар додааст.
"Бунёди сармоягузории мустақими Русия аз нашри матлаби Маркази миллии тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Н.Ф. Гамалея дар маҷаллаи пештози тиббии "Лансет" дар бораи омӯзиши ваксинаи зидди коронавируси “Sputnik Light” хабар медиҳад, ки тибқи он, доруи мазкур мизони болои амният ва шаклгирии селулҳои масуниятро ба намоиш гузоштааст”,- менависад РИА "Новости" ба нақл аз БРСМФР.
Ин озмоиши ғайритасодуфӣ таъйид кард, ки ин дору як посухи эминии қавиро ҳам дар нафароне, ки гирифтори COVID-19 нашудаанд ва ҳам онҳое, ки ба ин беморӣ мубтало шудаанд, ба вуҷуд меорад.
Тадқиқоти қаблии Маркази Гамалея бар асоси моякӯбии 28 ҳазор нафар дар Маскав бо ваксинаи “Sputnik Light” таъсири 70-дарсадии онро бар зидди штамми делта дар давоми се моҳи пас аз ваксина нишон дода буд. Дар афроди болои 60 сол шохиси эминии он бештар аз 75 дарсад гуфта мешавад.
Вақте он ҳамчун тақвиятдиҳандаи дигар ваксинаҳо истифода мешуд, беш аз 83 фоиз дар баробари унфунат ва зиёда аз 94 дарсад дар баробари бистарӣ шудан дар бемористон муассир буд.
Ваксина ҳамчун бехатартарин шакли муҳофизат боқӣ мемонад. Ба гуфтаи Михаил Мурашко, вазири тандурустии Русия, дар байни беморони вазнини COVID-19 ваксинашудаҳо камтар аз 0,03 фоизро ташкил медиҳанд, дар ҳоле ки аксарияти кулли беморон дар беморхонаҳо эм нашудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала