Қурби рубл дар Тоҷикистон коҳиш ёфт: бозори арз

© Sputnik Таджикские сомони и рубли, архивное фото
Таджикские сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2021
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард
ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон пас аз гарониҳои моҳи октябр дар ҳолати коҳишёбӣ қарор дошта, танҳо давоми як рӯзи ахир беш аз 2 сомонӣ уфт доштааст.
Тибқи иттилои БМТ, арзиши як рубли русӣ ҳоло 0.1566 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта, 2 ноябр дар кишвар бар ивази 1000 рубл 158 ва дар овохири моҳи октябр 161 сомонӣ медоданд.
Асъори аврупоӣ бошад, дар оғози моҳи равон майли гаронӣ дорад. Дар бозори арзи кишвар як евро 13.0731 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле ки як рӯз пеш 13.0351 буд.
Асъори амрикоӣ низ дар нишондоди нави БМТ каме боло рафтааст. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.2670 сомонӣ арзиш дорад. Ин нишондиҳанда як рӯз пеш 11.2585 буд.
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Таърихи дақиқи ҷаҳиши рекордии қурби доллар маълум шуд
Дар ҳамин ҳол қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷӣ бо пули нақд дар ташкилотҳои қарзӣ чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.2670 то 11.2700 сомонӣ;
1 евро аз 13.0731 то 13.2000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1566 то 0.1585 сомонӣ.
Иқтисоддон гуфт, ки аз доллар дар соли 2022 чиро интизор бояд шуд
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0