"Толибон"* муомилот бо асъори хориҷиро дар Афғонистон манъ кард

© AP / Allauddin KhanМужчина держит в руках деньги, афгани
Мужчина держит в руках деньги, афгани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2021
Обуна шудан
"Толибон"* ба ҳама шаҳрвандон, соҳибони дӯконҳо ва тоҷирон дастур додааст, ки ҳангоми анҷоми муомилоти молӣ танҳо аз пули миллӣ истифода кунанд.
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. "Толибон"* истифодаи асъори хориҷиро дар ҳисоббаробаркуниҳо дар дохили кишвар манъ кард, гуфт намояндаи харакати террористӣ Забеҳуллоҳ Муҷоҳид.
Ба гуфтаи ӯ, чунин тадбирҳо ба далели вазъи душвори иқтисодии кишвар ҷорӣ шудаанд.

"Вазъи иқтисодии кишвар ва манфиатҳои миллӣ тақозо мекунад, ки ҳамаи афғонҳо дар зимини додуситад аз пули миллии худ - афғонӣ истифода кунанд", - хабар медиҳанд расонаҳои Афғонистон дар истинод ба изҳороти ҳукумати худхонда.

Ба гуфтаи ӯ, "Аморати Исломӣ (ҳукумати худхондаи "Толибон*) ба ҳама шаҳрвандон, дӯкондорон, тоҷирон дастур додааст, ки минбаъд низ аз афғонӣ барои ҳисоббаробаркунӣ истифода ва аз истифодаи арзи хориҷӣ ба таври қатъӣ худдорӣ кунанд".
Муҷоҳид қайд кардааст, афроде, ки ин амрро иҷро намекунанд, ҷазо хоҳанд гирифт.
Қаблан дар Афғонистон бо доллар ва дар минтақаҳои ҳаммарз бо Покистон бо рупияи покистонӣ муомилоти пулӣ сурат мегирифт.
Мохаммад Сохайль Шахин пресс-секретарь политического офиса движения Талибан (запрещено в РФ) в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2021
“Толибон”* оҷилан хоҳони 1,2 миллиард доллар шуд
Гуфта мешавад, Бонки марказии Афғонистон низ бо судури як қарор ба хотири ҳифзи доллари амрикоӣ, ки дар кишвар камчин шудааст, интиқоли пулро танҳо бо пули миллӣ роҳандозӣ кардааст.
Қаблан маълум шуд, ки Иёлоти Муттаҳида захираҳои марбут ба Ҳукумати Афғонистонро дар бонкҳои амрикоӣ масдуд кардааст.
Дар навбати худ ҷангҷӯён аз Амрико талаб кардаанд, ки тақрибан 10 миллиард доллари маблағҳои масдудкардаи ҷумҳуриро ба онҳо баргардонад.
Боевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Ғарб дар ҳарос аст: Толибон* иқтисоди ИМА -ро рахна мекунад?
Вазъият дар Афғонистон дар охири моҳи июн, бо хуруҷи нерӯҳои Амрико вахим шуд. То нимаи моҳи август "Толибон"* Ҳукумати Афғонистонро суқут дод, ки дар пайи он Ашраф Ғанӣ президенти вақти он кишвар фирор кард.
"Толибон"* дар аввали моҳи сентябр ҳукумати худро эълон кард, ки ба бархӯрди шадиди аҳолии Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шуд.
Ҳамакнун наздик ба се моҳ аст, ки ин гурӯҳ ҳукуматро идора мекунад, аммо то кунун ягон кишвар онҳоро ба расмият нашинохтааст.
* - гурӯҳи террористии фаъолияташ дар Русияву Тоҷикистон мамнуъ
Лентаи хабарҳо
0