“Толибон”*: Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳад духтаронро дар макотиб бубинад, бояд моро ёрӣ кунад

© Sputnik / Valery Melnikov  / Гузаштан ба хазинаи аксУченики в классе школы для бывших беспризорных детей Aschiana в Кабуле
Ученики в классе школы для бывших беспризорных детей Aschiana в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2021
“Толибон”* гуфт, ки дар бораи омӯзиши духтарон ва занони афғонистонӣ барои бозгашт ба мактаб хабари хуш дорад, аммо дар айни ҳол аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, дар таъмини ин раванд ба он кумак кунанд
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Воҳидуллоҳ Ҳошимӣ, мудири барномаҳои хориҷӣ ва кумакҳои Вазорати маорифи ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон ахиран эълом кард, ки ҳама духтарон дар ояндаи наздик ба макотиб бармегарданд ва ба зудӣ бахшномаи ҷадид дар саросари кишвар содир хоҳад шуд.
“Мутахассисони мо рӯи он кор мекунанд ва мо ба зудӣ онро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон хоҳем кард", - афзуд ӯ.
Ӯ дар идома гуфт: "Гурӯҳи “Толибон” муваззаф аст, ки духтаронро таълим диҳаду талош дорад, роҳҳои бозгардонидани онҳоро ба мактаб пайдо намояд ва ҳеҷ як омӯзгори зан аз кор барканор нашудааст. Ин паёми мусбат ба ҷаҳониён аст, ки мо рӯи механизми он кор мекунем ва ба дунболи ҳазфи онҳо аз макотиб ва донишгоҳҳо нестем".
Афганские женщины в ожидании выдачи помощи от правительства Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Дар Афғонистон барои духтарон мактаби махфӣ боз шуд
Ҳошимӣ таъкид кард, ки омӯзиш мисли дигари заминаҳои давлатӣ аст, ки дар асари қатъ шудани ғайримунтазираи ҳимояти хориҷӣ дар пайи фурӯпошии давлати собиқ мутазаррир мешавад.
"Агар онҳо воқеан мехоҳанд духтаронро дар мактабҳо бубинанд, бояд ҳоло ба мо кумак кунанд", - гуфт ӯ.
Ҳошимӣ дар масъалаи таҳсили духтарон гуфт, Вазорати маориф бар рӯи як равиши нав дар мактабҳо кор мекунад, то онро бо усулҳои исломӣ ва фарҳанги дохилию меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ созад.
Студенты во время урока в университете в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2021
Бозкушоии макотиб дар Афғонистон бе ҳузури духтарон: ЮНИСЕФ вокуниш кард
"Тағйирот ба стандартҳои ҷаҳонӣ дар физика, кимиё, биология, тамоми мундариҷаи академӣ ва илмӣ мувофиқ хоҳад буд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ тағйире дар шеваҳои дарс то кунун рух надодааст ва масъулони вазорат аз наздик бо ожонсҳои ҷаҳонӣ кор мекунанд, ожонсҳо низ дар мавриде ки мушоҳида мекунанд, таомули мусбате доранд.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала