Захира кунед: як ноҳияи Душанбе бе об мемонад

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкКран в доме
Кран в доме  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2021
Обуна шудан
Сокинони як ноҳияи Душанбе барои 15 соат ба об дастрасӣ нахоҳанд дошт
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз маҳдудияти интиқоли об хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, оби нӯшокӣ бо сабаби корҳои васли қубурҳои обгузар дар кӯчаи Б. Ғафурови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қатъ мешавад.

"Зимни иҷрои корҳои пайвасткунӣ аз соати 08:00 то соати 22:00-и 4 ноябри соли 2021 интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино муваққатан қатъ мегардад", - омадааст дар қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни иҷрои барномаи интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино — шаҳракҳои 10, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, маҳаллаҳои Зарафшон 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободҳои Боло ва Поён қатъ мешавад.
Ҳамзамон аз сокинони Деҳи Боло, Буни Ҳисорак, Панҷрӯд, Лучобҳои Боло ва Поён, Қазоқон 1 ва 2, Ободкорон, Бунёдкорон, Зафар, Моваро-ун-наҳр, Камонгарон, Шишхона, Ҳаёти Нав, Авул 1 ва 2, кӯчаҳои Б. Ҳамдам, А. Навоӣ, Б. Ғафуров, Н. Махсум, Шамсӣ, А. Сино ва Баҳовуддинов даъват шудааст, ки об захира кунанд.
Рустами Эмомалӣ раиси ноҳияи Сино ва мудири Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе"-ро вазифадор намудааст, ки дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.
Ҳамчунин Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе уҳдадор гардидааст, ки ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокиро мутобиқ ба талаботи санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.
Лентаи хабарҳо
0