Ҷабҳа: Аҳмад Масъуд дар Тоҷикистон нест, ӯ дар Афғонистон аст

© REUTERS / MOHAMMAD ISMAILАхмад Масуд младший, сын Ахмада Шаха Масуда
Ахмад Масуд младший, сын Ахмада Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2021
Масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таъкид кард, ки раҳбари ҷабҳа дар дохили Афғонистон мебошад
ДУШАНБЕ, 4 ноя - Sputnik. Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар гуфтугӯи вижа бо хабаргузории Sputnik Афғонистон гуфт, ки Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимат дар дохили Афғонистон аст.
“Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд дар ҳоли ҳозир дар дохили кишвар аст. Дар ҳамаи мусоҳиба зикр кардам, ки ӯ дар дохили кишвар аст, аммо барои диду боздидҳо ва мулоқотҳо, баъзе аз ҷаласот низ шояд рафтуомад дошта бошад”, - гуфт оқои Назарӣ.
Вай инчунин илова кард, ки писари Қаҳрамони миллии Афғонистон, шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд барои мулоқотҳои расмӣ баъзан аз Афғонистон низ берун мешавад.
Брифинг официального представителя МИД России М. Захаровой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Захарова аз Аҳмад Масъуд даъват кард, аз барангехтани муноқишаи байниафғонӣ даст бардорад
“Баъзе аз мулоқотҳояш агар мумкин мебуд, дар дохили Афғонистон сурат мегирифт. Ин як амри табиӣ аст. Ӯ ба унвони як раҳбари низомӣ ва сиёсӣ ҳақ дорад, барои мулоқоти баъзе аз мақомҳои хориҷӣ биравад ва дубора баргардад”, - таъкид дошт масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон.
Ҳамзамон вай илова кард, ки ҷабҳа ҳузур надоштани Аҳмад Масъуд дар дохили Афғонистонро комилан рад мекунад.
Ёдрас менамоем, чанде қабл дар расонаҳо хабаре нашр шуд, ки гӯё Аҳмад Масъуд дар дохили Афғонистон ҳузур надорад ва дар қаламрави Тоҷикистон ба сар мебарад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала