Нигаронии мақомоти тоҷик аз таксиронҳои маст дар Душанбе

© Пресс служба президента РТГенерал-майор милиции Шариф Назарзода
Генерал-майор милиции Шариф Назарзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2021
Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ахиран дар як ҷаласа аз фаъолияти таксиронҳои маст изҳори нигаронӣ карда гуфтааст, ки бархе аз садамаҳои нақлиётӣ ба далели маст будан ва истифодаи воситаҳои нашъадор сар задаанд
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Генерал Шариф Назарзода, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ҷаласаи ахираш гуфт, ки дар 9 моҳи соли равон аз сӯйи ронандаҳои нақлиёти мусофирбар (таксӣ) 6 далели дар ҳолати мастӣ ва 18 далели зери таъсири воситаҳои нашъадор идора намудани нақлиёт сабт шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, ин нигарониҳои генерали тоҷик дар мулоқоти муштараки роҳбарияти шаҳрдории Душанбе ва Раёсати ВКД дар пойтахт бо роҳбарону масъулини ширкатҳои мусофирбари ҷамъиятӣ, давлативу хусусӣ, масъулини бахшу хадамоти назорати роҳу нақлиёти Душанбе садо додааст.
Назарзода дар ин ҷаласа таъкид доштааст, ки “яке аз мушкилоти ташвишовар дар он аст, ки баъзе ронандаҳои таксӣ дар ҳолати мастӣ, махсусан сархуш аз воситаҳои нашъадор ронандагӣ карда, садамаҳои нақлиётиро содир намудаанд, ки воқеан боиси нигаронист”.
Маршрутка в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2019
Ҳабси 2 кондуктор дар Душанбе: аз баҳси бақия то мастӣ – видео
Вай гуфт, сарфи назар аз чораҳои андешидашуда дар давоми 9 моҳи соли 2021 аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбар 29 садама сурат гирифтааст, ки бар асари онҳо 4 нафар ба ҳалокат расида, 31 нафар захмӣ шуд.
Тибқи таҳлилҳои ин ниҳод, дар муқоиса ба соли гузашта теъдоди ҳодисаи нақлиётӣ 7,4 дарсад ва маҷруҳон 24 дарсад афзоиш ёфта, хушбахтона, шумораи ҳалокшудагон 1 нафар ё 20 дарсад коҳиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала