Сардиву барфу борон: пешгӯии ҳавошиносони тоҷик

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузаштан ба хазинаи аксДевушка поз зонтом в осеннем парке
Девушка поз зонтом в осеннем парке  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2021
Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, бориши борон ва дар ноҳияҳои алоҳида барф дар назар аст. Дар баъзе ҳолатҳо эҳтимол дорад, бориш шадид шавад
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Тибқи гузориши Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо бориши шадид дар назар аст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 5-10, дар баъзе ноҳияҳо то 11-16 дараҷа сард ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм хоҳад буд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Раҳмон: Бинобар тағйри иқлим Тоҷикистон ҳар сол миллионҳо доллар зарар мебинад
Сокинони Хатлонро ҳавои ҳавои абрнок интизор аст.
Рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон борида, дар баъзе ҳолатҳо пуршиддат боридани он пешбинӣ шудааст.
Ҳарорат дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2-7 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм гузориш шудааст.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат ва пуршиддат ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм пешгӯӣ шудааст.
Сокинон ва меҳмонони пойтахтро ҳаво абрноку боридани борони кӯтоҳмуддат интизор аст. Дамои ҳавои шабона 3-5 ва рӯзона 12-14 дараҷа хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала