Ташкили дафтари намояндагии ширкатҳои ҳамлу нақли тоҷикистонӣ дар Эрон

© МИД РТПосол РТ в Иране Низомиддин Зохиди встретился с главаой провинции Хурмузгон Ирана Маҳди Дусти
Посол РТ в Иране Низомиддин Зохиди встретился с главаой провинции  Хурмузгон Ирана Маҳди Дусти - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2021
Раиси утоқи бозаргонӣ, саноат, маодин ва кишоварзии Ҳурмузгон гуфт, пешниҳоди ташкили дафтари намояндагии ширкатҳои ҳамлу нақли тоҷикистонӣ аз сӯи Утоқи бозаргонии Ҳурмузгон ба сафири ин кишвар дар Теҳрон ироа шуд
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Дар Теҳрон сафири Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси вилояти Ҳурмузгони Эрон Маҳдии Дӯстӣ мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон
Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқоти мазкур роҳбарони мақомоти иқтисодию тиҷории вилояти мазкур низ ҳузур доштанд.
Гуфта мешавад, тарафҳо бо дарназардошти зарфиятҳои бузурги транзитию нақлиётии вилояти Ҳурмузгон масъалаҳои истифодаи имконоти бандарҳои он, бавижа Бандараббосро дар тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа мавриди баррасӣ қарор доданд.
Посол РТ в Иране Низомиддин Зохиди встретился с министром юстиции Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2021
Тоҷикистону Эрон иҷрои санадҳои имзошударо баррасӣ карданд
Ин бандар яке аз муҳимтарин марказҳои тиҷорию иқтисодии Эрон ва кишварҳои минтақаи Халиҷи Форс ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин дар мулоқот ҷониби эронӣ иқтидорҳои иқтисодию тиҷоратии вилояти Ҳурмузгонро муаррифӣ намуда, омодагиашро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон баён кард.
Ҳурмузгон яке аз вилоятҳои муҳими ҷанубии Эрон мебошад, ки дар шимоли Тангаи Ҳурмуз воқеъ буда, яке аз қутбҳои сайёҳиву иқтисодии Эрон дониста мешавад. Шаҳри Бандараббос, ки бандари ҳамноми он дар ин шаҳр қарор дорад ва маркази вилоят мебошад, яке аз марказҳои муҳими фаъолиятҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар минтақа ба шумор меравад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала