Таъйиноти кадрӣ: Сиёвуш Мирзоев бо фармони вазири тандурустӣ сартабиб шуд

© Sputnik / Владимир ФедоренкоПиджак на кресле
Пиджак на кресле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2021
Ҷамолиддин Абдуллозода бо фармони худ сартабиби ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғдро таъйин намуд
ДУШАНБЕ, 4 ноя – Sputnik. Аз шифохонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки Сиёвуш Мирзоев бо фармони вазири тандурустӣ аз дирӯз, 3 ноябр сартабиб таъйин гашт.

“Қарор аст, имрӯз бо иштироки масъулони идораи тандурустӣ ва ҳукумат Сиёвуш Мирзоев ба ҳайси сартабиб барои коллективи ҳамкорон муаррифӣ карда шавад”, - гуфт Убайдулло Худойбердиев, ҷонишини сартабиб.

Баъди аз вазифа рафтани Музаффархон Баҳодуров, мансаби сартабиб дар ноҳияи Мастчоҳ ҳудуди ду моҳ ба ин тараф холӣ буд.
Баҳодуров, ки бештар аз панҷ сол дар ин вазифа кор кард, ба ҳайси ҷарроҳ фаъолияти худро дар шифохонаи ноҳия идома дода медиҳад.
Сиёвуш Мирзоев то ин вақт вазифаи роҳбари шабакаҳои Кӯмаки аввалияти тиббию санитарии (КАТС)-и ноҳияи Мастчоҳро ба зимма дошт. Мирзоев Сиёвуш Ҳомидович 9 сентябри соли 1979 дар шаҳри Душанбе, дар оила табиб таваллуд шудааст. Соли 1996 МТМУ №4-и ноҳияи Мастчоҳро хатм кардааст.
Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: сардори Раёсати тандурустӣ иваз шуд
Пас аз хатми мактаб, соли 1999 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, онро соли 2006 хатм намуда, инчунин курси магистратураро низ ба поён расонидааст.
Ӯ фаъолияти кориашро солҳои 2007-2009 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, баъдан, солҳои 2010-2013 ба сифати духтури мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи тафтишотии №2-и шаҳри Хуҷанд кор кардааст.
Солҳои 2014-2015 дар Муассисаи назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Мастчоҳ ба ҳайси духтур фаъолият карда, солҳои 2016-2018 вазифаи директории ин муассисаи давлатиро ба дӯш дошт.
Аз моҳи ноябри соли 2020 бо фармоиши вазири тандурустӣ ба вазифаи роҳбари шабакаҳои КАТС-и ноҳияи Мастчоҳ таъйин шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала