Захарова аз Аҳмад Масъуд даъват кард, аз барангехтани муноқишаи байниафғонӣ даст бардорад

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкБрифинг официального представителя МИД России М. Захаровой
Брифинг официального представителя МИД России М. Захаровой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2021
Обуна шудан
Намояндаи расмии Вазорати хориҷаи Русия нерӯҳои Афғонистонро ба сулҳ даъват кард
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова ахиран дар як нишасти матбуотӣ ба вазъи Афғонистон ишора кард.
Зимни нишасти хабарӣ хонум Захарова гуфт, ки Русия ҳамлаи террористии гурӯҳи ДИИШ*-ро ба бемористон дар Кобул маҳкум мекунад.
Намояндаи расмии Вазорати хориҷа ба наздикони қурбониён изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Хонум Захарова бар пешрафти "Толибон"* дар мубориза бо ДОИШ* дар шимоли Афғонистон таъкид кард.
Ҳамчунин вай дар бораи нақшаҳои ҳукумати нави ин кишвар барои ташкили низоми бонкдории исломӣ тазаккур дод.
 Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2021
"Аз мо нест": Аҳмад Масъуд куҷост?
Намояндаи расмии Вазорати хориҷа дар бораи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон низ, ки тавассути расонаҳо аз омодагиаш барои идомаи мубориза алайҳи “Толибон”* хабар дода буд, изҳори назар кард.

"Мо бар онем, нерӯҳои мухталифи этносиёсии кишвар бояд аз амалҳое, ки боиси барангехтани низои байниафғонӣ мешаванд, худдорӣ кунанд. Ҳамчунин мо бояд роҳҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва мусолиҳаи миллиро ҷустуҷӯ намоем", - гуфт Захарова.

Ёдовар мешавем, тибқи гузоришҳои бархе аз расонаҳо, сардори Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд дар Душанбе қарор дорад. Аммо ин хабарро намояндагони муқовимат рад карданд ва гуфтаанд, ки фармондеҳи онҳо дар Афғонистон аст ва макони ӯ ба далоили амниятӣ ифшо намешавад.
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Аҳмад Масъуд ба пуштибонии Русия умед дорад
Худи Ҷабҳаи муқовимат, дар воқеъ ҷанги чирикиро оғоз кардааст: маълумот дар бораи задухӯрдҳои онҳо бо “Толибон”* хеле кам дида мешавад. Тибқи гузоришҳои ахир, ҷангҷӯёни Ҷабҳаи муқовимати милии Афғонистон то ҳол аксари вилояти Панҷшерро таҳти назорат доранд.
Мавриди зикр аст, ки раҳбарони афғонистонӣ дар хориҷ, аз ҷумла маршал Абдурашид Дӯстум ва Атто Муҳаммади Нур аз таъсиси Шӯрои олии муқовимати миллӣ хабар доданд, ки дар сурати ба тавофуқ нарасидан бо режими “Толибон”* омодааст, муборизаро оғоз намояд.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0