Портфели - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Генерал Алишер Мирзонабот раиси нави ВМКБ кист?

Мирзонабот Алишер Худоберди - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2021
Обуна шудан
Алишер Мирзонабот раиси нави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин шудааст
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон Алишер Мирзонаботро раиси ВМКБ таъйин кард.
Ӯ дар ин мақом Ёдгор Файзовро иваз кард.
Дар ин бора як манбаъ аз ҳукумати вилоят ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, фармони таъйини Алишер Мирзонабот дар назар аст, имрӯз, 5 ноябр расман эълон шавад.
Манбаъ гуфт, ҳамзамон Нилуфар Асламшоева ба вазифаи муовини раиси вилоят ва Назарзода Ризо ба вазифаи иҷрокунандаи раиси шаҳри Хоруғ таъйин гардиданд.
Ёдгор Файзов - раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2021
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов аз мансабаш барканор шуд
Алишер Мирзонабот то расидани ба ин курсӣ дар мансаби раиси шаҳри Хоруғ кор мекард, ки соли 2020 ба ин вазифа расида буд. Тайи ду сол муовини раҳбари ВМКБ ҳам буд.
Номбурда дорандаи унвони генерал-майор буда, то соли 2018 муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ буд.
Унвони генералиро номбурда соли 2019 ба даст овард.
Лентаи хабарҳо
0