Аврупо боз дар гирдоби вируси COVID-19 дармонд

© AP / Emilio MorenattiЛюди в защитных медицинских масках в Италии
Люди в защитных медицинских масках в Италии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2021
Шашумин ҳафта аст, ки пайи ҳам дар Аврупо шумораи гирифторони вируси COVID-19 афзоиш меёбад
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Сарвари Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Аврупо Ҳанс Клюг ҳушдор дод, ки ин минтақа дубора ба маркази авҷи бемории коронавирус табдил мешавад.
Ба таъкиди ӯ, дар се моҳи наздик дар Аврупо боз ним миллион нафар эҳтимол ҷони худро аз даст диҳад.
Сабаби инро Клюг дар он мебинад, ки сокинон ба таври кофӣ ваксина нагирифтаанд ва ин боиси авҷи дубораи коронавирус гардид.
Карантинный центр в Коммунарке во время пандемии коронавируса COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2021
Вазъи коронавирус дар Осиёи Марказӣ ТУТ-ро шокӣ кард
Ин шашумин ҳафта аст, ки шумори гирифторони COVID-19 дар Аврупо меафзояд. Теъдоди фавтидагон бошад, ҳафтумин ҳафта аст, ки рӯ ба афзоиш овардааст. Дар айни замон ҳамарӯза дар кишварҳои Аврупо бештар аз 3600 нафар гирифтори ин беморӣ тарки олам мекунад.
Дар ҳамин ҳол Ҳукумати Британияи Кабир эълон кард, ки аз аввалинҳо шуда доруи нави зидди коронавирусро барои истифода иҷозат додааст. Ин дору, ки "Молнупиравир" ном дорад, бештар барои гирифторони осебпазир тавсия хоҳад шуд.
Санҷишҳои клиникии ин дору нишон додааст, ки тақрибан то 50 дарсад хатарӣ бистарӣ шудан аз Covid-19-ро пешгирӣ мекунад. Истифодаи ин дору танҳо барои касоне иҷоза дода мешавад, ки нав олудаи Covid-19 шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала