Чавушоғлу робитаи Туркия бо "Толибон"* -ро шарҳ дод

© Sputnik / Нина Зотина / Гузаштан ба хазинаи аксГлава МИД Турции Мевлют Чавушоглу, архивное фото
Глава МИД Турции Мевлют Чавушоглу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2021
Вазири умури хориҷаи Туркия мегӯяд, мулоқоти намояндагони ин кишвар бо "Толибон"* маънои эътирофи режими ин гурӯҳ дар Афғонистон нест
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Вазири хориҷаи Туркия Мавлуд Чавушоғлу тавзеҳ дод, ки чаро ҳукумати Туркия бо намояндагони "Толибон"* мулоқоту гуфтугӯ доир мекунад.
Вай изҳор дошт, ки бисёре аз кишварҳо саъй доранд бо ҳайати "Толибон"* мулоқот кунанд ва таъкид кард, ки мулоқоти Туркия бо ин ҳайат ба маънои эътирофи режими "Толибон"* нест.
Чавушоғлу афзуд, ҳама бо "Толибон"* дар пайи ҳамкориҳо ҳастанд ва зикр намуд, ки дар сурати фурӯпошии низом дар Афғонистон созмонҳои террористӣ қавитар мешаванд ва он гоҳ фалокати гӯшношунид рух хоҳад дод.
Ӯ аз ҷумла гуфт, ки Туркия ба хотири берун овардани шаҳрвандони худ аз хоки Афғонистон бо ин гурӯҳ робита қавӣ намуд.
Ученики в классе школы для бывших беспризорных детей Aschiana в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2021
“Толибон”*: Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳад духтаронро дар макотиб бубинад, бояд моро ёрӣ кунад
Зимнан, ба изҳори Мавлуд Чавушоғлу, Туркия феълан "Толибон"* -ро эътироф намекунад, ва дар мулоқот бо онҳо паёмҳои мушаххасу рӯшанро гӯшрасашон мекунад ва тамоми амалҳои онҳоро дар он кишвар зери назорати ҷиддӣ қарор додааст.
Ёдовар мешавем, ки "Толибон"* пас аз хуруҷи низомиёни Амрико ҳамалотро дар ин кишвар афзун дода, ахиран сари қудрат омаданд. Аммо то ҳол ҳеҷ созмону ташкилотҳо ва ҳамзамон кишварҳои дуру наздик ҳукумати "Толибон"* -ро дар Афғонистон ба расмият қабул накардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала