Кишварҳое, ки ба зудӣ аз рӯи замин нобуд хоҳанд шуд, ном бурда шуданд

© AFP 2021 / Wakil Kohsar Поиск жертв наводнения в Афганистане
 Поиск жертв наводнения в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2021
Баландшавии ҳарорат ва обшавии пиряхҳо аллакай ба се давлат таҳдиди ҷиддӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Бар асари гармшавии глобалӣ, ки боиси обшавии пиряхҳо ва болоравии сатҳи баҳр мегардад, баъзе кишварҳо ба зудӣ аз рӯи замин нобуд мешаванд. Дар ин бора "Express" менависад.
Пеш аз ҳама, ба давлатҳои ҷазира хавфи зери об "дафн шудан" таҳдид мекунад. Инҳо Кирибатӣ, Тувалу ва Ҷазираҳои Маршал мебошанд.
Ледник Федченко на Памире - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
СММ: То миёнаи аср Осиё 40 дарсади пиряхҳояшро аз даст медиҳад
Аллакай мақомоти ин кишварҳо аз ин масъала нигаронанд ва барои наҷоти аҳолӣ чораҳо меандешанд.
Дар нишасти ахири СММ дар Глазго, ҳамоҳангсози Шабакаи амалиёти иқлим дар Кирибати Пелениза Алофа гуфт, болоравии сатҳи баҳр ва шиддат гирифтани тӯфонҳои тропикӣ ба ҷони мардум ва кишоварзии минтақа таҳдид мекунад.
"Мо дар бораи рӯйдодҳои якдафъаина гап намезанем. Сухан дар бораи як падидаи табиие, ки таҳдиди комилан фурӯ бурдани хонаҳои моро дорад, меравад", - таъкид кард Алофа.
"Express" қайд мекунад, ки президенти собиқи Кирибатӣ Аноте Тонг зимни нишаст дар бораи таҳдидҳои асосии тағйирёбии иқлим сухан гуфта, аз амалкарди мақомоти Австралия дар ин самт интиқод кард.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2021
Раҳмон гуфт, чаро интиқоли барқ ба ҳамсояҳоро дар тобистони гузашта муваққатан қатъ кард
Ёдовар мешавем, ки мушкилоти болоравии ҳарорат ва обшавии пиряхҳо барои Тоҷикистон махсусан муҳим аст. Дар давоми даҳ сол ҳаҷми умумии пиряхҳо дар кишвар, ки бештар аз 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Миёнаро ташкил медиҳанд, қариб сеяк баробар кам шудааст. Дар ин бора зимни суханронӣ дар Глазго президенти кишвар Эмомали Раҳмон изҳор дошт.
Ӯ ишора кард, ки имрӯз аз 14 ҳазор пирях дар Тоҷикистон беш аз ҳазортоаш комилан об шудааст. Сарвари давлат аз Иттифоқи обу иқлим даъват кард, ки дар ҳалли ин масъалаҳо ба ҷумҳурӣ мусоидат кунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала