Натоиҷи Лигаи олӣ маълум шуд: киҳо пешсафанд

© ФФТФутбольная лига Таджикистана опубликовала расписание оставшихся матчей первого круга чемпионата страны
Футбольная лига Таджикистана опубликовала расписание оставшихся матчей первого круга чемпионата страны - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2021
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон пас аз танаффуси якмоҳа қаҳрамони футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Бар асоси натоиҷи эълонгардидаи Лигаи олии Тоҷикистон, дастаи "Истиқлол" ҳамоно бо касби 55 хол садрнишин мебошад.
Бинобар иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Лигаи олӣ пас аз танаффуси якмоҳа баргузор гардид ва дар асоси натиҷаҳо мавқеи тими "Истиқлол" ҳамоно бидуни тағйир боқӣ мондааст.
Ҳамчунин тими "Хуҷанд" бо гирифтани 45 хол дар мақоми баъдӣ қарор дорад.
Команда Хатлон стала победителем Чемпионата Таджикистана среди женских команд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Қаҳрамони Тоҷикистон дар риштаи футбол миёни бонувон маълум шуд
Дар ҳамин ҳол "Истаравшан" дар майдони худ аз тими “Хуҷанд" бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Зимнан дастаи "Хатлон" бар тими "Эсхата" низ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Дар бозии дигар "Истиқлол" тими КМВА-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.
Дар дербии минтақаи Кӯлоб "Равшан" бар тими "Файзканд" бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.

"Куктош" дар бозии хонагӣ бар тими "Душанбе" бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.
Ҳамин тариқ баъд аз натиҷагирии 24 даври бозиҳо "Истиқлол" бо 55 хол пешсаф аст. "Хуҷанд", ки 45 хол дорад, дар ҷои дуюм, КМВА бо 36 хол дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.
Лентаи хабарҳо
0