“Интернет шах шуд, вагарна ҷойи аввалро мегирифтам”: пирӯзии Муниса дар озмуни кишвари Чин

© Бойгонии шахсии Нарзуллоева Мӯниса Нарзуллоева, донишҷӯи донишгоҳи Хуҷанд
Мӯниса Нарзуллоева, донишҷӯи донишгоҳи Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2021
Муниса Нарзуллоева, донишҷӯи Донишгоҳи Хуҷанд дар озмуни кишвари Чин аз миёни 120 иштирокчии давлатҳои ҷаҳон мақоми дуюмро ишғол намуд ва беҳтарин донандаи забони чиноӣ дар соли 2021 муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 5 ноя – Sputnik. Ин донишҷӯи тоҷик дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, хеле мехост барандаи мақоми аввали озмун шавад, вале сустии суръати интернет дар Тоҷикистон садди ин азми ӯ гардидааст.
Озмуни ҷаҳонии забондонӣ ва ё “пули чинӣ” (китайские мост), ки чанд сол ба ин тараф байни шаҳрвандони ғайричинӣ баргузор мешавад, имсол ба фарқ аз солҳои қаблӣ аз тариқи онлайн доир шуд.
Яке аз талаботи он суръати баланди интернет ва посухи фаврии иштирокчиён ба саволҳои доварон маҳсуб мешуд. Аммо Муниса Нарзуллоева иброз намуд, ки аз сабаби суст будани интеренет дар кишвар сари вақт посухашро ба аъзои ҳакамон манзур карда натавонист ва ба ҳамин далел ӯро ҷойи дуюм доданд.

“Шонси барандаи аввал шудан ҳам доштам, вале суръати сусти интернет монеъ шуд. Тибқи талаботи озмун, аъзои ҳакамон бояд дар 5 сония ба суолҳои худ аз иштирокчиён ҷавоб мегирифтанд, аммо он замон интеренти ман ғайриинтизор шах шуд ва ҳакамон маро нашунида монданду вақт гузашта рафт. Аз ин сабаб посухи моро барои мақоми аввал ҳисоб накардаанд ва ҷойи дуюмро доданд”, - зикр намуд донишҷӯи тоҷик.

Муниса Нарзуллоева мегӯяд, расидан ба мақоми дувуми озмуни байналмилалии беҳтарин донандаи забони чиноӣ дар соли 2021 барояш хушҳолкунанда аст.
Озмуни забондонии чинӣ имсол аз моҳи май то октябр, давоми шаш моҳ аз тариқи онлайн идома кард ва дар он аз 120 кишвари ҷаҳон донишомӯзону забоншиносон иштирок намуданд.
“Дар озмун саволҳо дар бораи таърих, фарҳанг ва географияи Чин дода мешуданд ва мо ба онҳо ба забони чинӣ ҷавоб медодем”, - гуфт Нарзуллоева.
Дар ҷараёни баргузории озмун аъзои ҳакамон аз ҷамъи 120 иштирокчӣ 15 беҳтарин забондони чиниро муайян намуданд, ки дар феҳраст Муниса Нарзуллоев бо гирифтани мақоми дуюм ворид шудааст.
В Таджикистане прошел Диктант Победы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
Духтари тоҷик миёни донишҷӯёни Осиёи Марказӣ ҷойи сеюм гирифт
Ба ин тартиб ӯ аввалин барандаи чунин як озмуни сатҳи ҷаҳонӣ аз кишвари Тоҷикистон гуфта мешавад. Муниса Нарзуллоева, зодаи ноҳияи Ашт буда, ҳоло донишҷӯи курси чаҳоруми факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров мебошад.
Пирӯзии ӯ дар чунин озмун шарикдарсон ва устодони донишгоҳияшро хушҳол намудааст. Дар ивази пирӯзи Муниса ба ӯ иҷозатномаи таҳсили яксолаи ройгон дар ҳар донишгоҳи муътабари Чин дода шудааст. Нарзуллоева имкон дорад, ин ҷоизаро давоми се соли оянда истифода намояд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала