Қирғизистон гуфт, аз Тоҷикистон киҳо метавонанд вориди қаламраваш шаванд

© Sputnik / Табылды КадырбековГраница между Казахстаном и Кыргызстаном, архивное фото
Граница между Казахстаном и Кыргызстаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2021
Обуна шудан
Мақомоти Қирғизистон афродеро номбар карданд, ки иҷозаи убури марзи Тоҷикистону Қирғизистонро доранд
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Қирғизҳои этникӣ ва фарзандони ноболиғи онҳо, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд, метавонанд аз Тоҷикистон вориди Қирғизистон шаванд. Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуотии Хадамоти давлатии марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар хабар медиҳад.
Илова бар ин вуруд ба кишвар барои донишҷӯён ва омӯзгорони шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар донишгоҳҳои Қирғизистон таҳсил ва кор мекунанд, боз аст.
Сотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Президенти Қирғизистон гуфт, кай марз бо Тоҷикистонро боз мекунад
Кумитаи давлатӣ ёдовар шуд, ки аз охири моҳи майи соли 2021 воридоти коло, воситаҳои нақлиёт ва шаҳрвандони ҷумҳурии ҳамсоя тавассути як қатор гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистон манъ шудааст.
Маҳдудиятҳо ба гузаргоҳҳои Кулунду, Қайроғоч, Қизил Бел, Бордебо ва Қарамиқ дахл доштанд. Аз ин гузаргоҳҳо танҳо шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон, ки ба Ватан бармегарданд, дипломатҳо ва аҳли хонаводаи онҳо метавонанд аз марз убур кунанд.
Ин ниҳод афзудааст, вуруд ба қаламрави ҷумҳурӣ тавассути кишварҳои сеюм манъ аст.
Ёдовар мешавем, Қирғизистон баъди даргирии мусаллаҳона, ки дар охири моҳи апрели соли 2021 дар марз рух дод, марзҳояшро ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон баст.
Лентаи хабарҳо
0