Русия Аврупоро даъват кард, ки марзи Тоҷикистону Афғонистонро тақвият диҳад

© Sputnik / Амир ИсаевПограничники на таджикско-афганской границе
Пограничники на таджикско-афганской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2021
САҲА бояд роҳҳои кумак ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити бесуботӣ дар Афғонистонро пайдо кунад
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бояд дар таҳкими марзи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон кумак кунад. Дар ин бора дар конфронси парлумонӣ муовини аввали раиси кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба корҳои байналмилалӣ Владимир Ҷабборов изҳор дошт.

"Ин, аз ҷумла асли тақсимнопазири амнияти фазои умумии мост", — таъкид намуд вакил.

Ӯ зикр кард, САҲА бояд роҳҳои кумак ба кишварҳои Осиёи Марказиро, ки бинобар вазъи ноором дар ҷумҳурии ҳамсоя дар хатар қарор доранд, пайдо кунад.
Ҷабборов таъкид кард, ки созмон бояд ба давлатҳо дар мубориза бо терроризм, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, савдои инсон, қочоқи маводи мухаддир, аслиҳа ва дигар намудҳои қочоқи ғайриқонунӣ кумак кунад.
Брифинг официального представителя МИД России М. Захаровой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Дар ҳоли ташаннуҷи вазъ дар марзи Афғонистону Тоҷикистон Русия омодааст, иқдом кунад
Русия омодааст, ба лоиҳаҳои мухталиф дар ин самт ҳамроҳ шавад ва тавассути механизмҳои СПАД ва СҲШ кор кунад. Дар баробари ин, Федератсияи Русия ба Осиёи Миёна аллакай ёрии калон расонд, гуфт вакили парлумон.
Ба гуфтаи Ҷабборов, Русия барои эътирофи қонунии қудрати "Толибон"* дар Афғонистон шитоб намекунад. Маскав иҷрои ваъдаҳои қаблии ҷангҷӯёнро назорат хоҳад кард. Аъзои парлумон инчунин таъкид карданд, ки ИМА ва иттифоқчиёни вай бояд кисми зиёди хароҷотро барои муътадил гардондани вазъияти ҷумҳурӣ ба дӯши худ гиранд.
* - Ташкилоти террористӣ, ки дар Федератсияи Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала