Рӯзи Сарқонун дар Тоҷикистон: 6 ноябр дар таърих

© Sputnik / Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 6 ноября
День 6 ноября  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2021
Обуна шудан
Рӯзи шашуми ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тотористон – Рӯзи Конститутсия қайд мешавад. Сокинони Тоҷикистон ин рӯз истироҳат мекунанд

Муҳимтарин рӯйдодҳои 6 ноябр дар ҷаҳон

Соли 1946 дар Бритониёи Кабир Хадамоти давлатии тандурустӣ таъсис дода шуд.
Соли 1970 Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Италия муносибати дипломатӣ барқарор кард.
Соли 1988 6 ҳазор компютери вазорати мудофиаи ИМА - ро вирус пахш намуда буд.
Соли 1988 дар Чин заминҷунбии шадиди 7,6-балла ба амал омад, ки дар натиҷаи он қариб 1000 нафар ҳалок шуд.
Соли 1869 дар Ню-Ҷерси (ИМА) аввалин мусобиқаи футболи америкоиҳо баргузор гардид.

Муҳимтарин рӯйдодҳои 6 ноябр дар Тоҷикистон

Соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул ва Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
© Sputnik / Игорь ЛекаркинКонституция республики Таджикистан, архивное фото
Конституция республики Таджикистан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2021
Конституция республики Таджикистан, архивное фото
Соли 1999 интихоботи навбатӣ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор ва Эмомалӣ Раҳмон бори дуюм ба ин мақом интихоб гардид.
Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ширкат дар гуфтугӯи шарикони Форуми ҳамкории иқтисодии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар кард.
Соли 2013 интихоботи навбатии президентӣ баргузор гардид.
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанИнаугурация президента Таджикистана
Инаугурация президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2021
Инаугурация президента Таджикистана

Ҷашнҳои рӯзи 6 ноябр

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи Конститутсия.
Дар Тотористон – Рӯзи Конститутсия.

Рӯзи 6 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст?

Соли 1922 - журналист Нишон Ҳамроҳ.
Соли 1923 - корманди ҳукумат Низорамо Зарифова.
Соли 1925-1995 - балерина, нахустин Ҳунарманди мардумии ИҶШС аз Тоҷикистон Лутфӣ Зоҳидова.
Соли 1936 - таърихшинос, профессор Роҳат Набиева.
Соли 1948 - Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Нурулло Абдуллоев.
Лентаи хабарҳо
0