Боздошти даҳҳо муҳоҷир дар Маскави Нав: сабаб

© Sputnik / Александр Гальперин / Гузаштан ба хазинаи аксСотрудник полиции выстраивает в очередь мигрантов
Сотрудник полиции выстраивает в очередь мигрантов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2021
Ҳамла ба як марди ҳамроҳ бо кӯдак дар Новие Ватутинки боиси "шикор"-и дигарбораи муҳоҷирон шуд
ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Даҳҳо муҳоҷир дар шуъбаи пулис дар Маскави Нав қарор доранд. Дар ин бора ТАСС бо такя ба як манбаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додааст.
Ин рейдҳо дар ноҳияи Новие Ватутинки баъд аз ҳамлаи чаҳор нафар ба падару кӯдак сурат гирифтанд.

"Ҳуҷҷатҳои боздоштшудагон, қонунӣ будани будубоши онҳо дар қаламрави кишвар ва инчунин даст доштанашон ба фаъолияти ғайриқонунӣ тафтиш карда мешаванд", - гуфт манбаъ.

Қаблан дар интернет наворе паҳн шуд, ки дар он як гурӯҳи ҷавонони эҳтимолан муҳоҷир, як мардеро, ки ҳамроҳ кӯдак дошт, латукӯб мекунанд. Ба гуфти ҷабрдида, ҳамлагар ба рӯи кӯдак низ задааст. Инчунин дар дасти якеашон гӯё корд будааст.
Ин ҳодиса дар расонаҳо сарусадоҳои зиёде ба бор овард. Кормандони интизомӣ аз рӯи моддаи авбошӣ парванда боз кардаанд.
Ҷазо барои чунин кирдор ҷарима ба андозаи то як миллион рубл мутобиқ ба андозаи музди меҳнат ё даромади дигари маҳкумшуда, ба муҳлати аз се то чор сол ё кори маҷбурӣ ба муҳлати то панҷ сол ё то ҳафт соли зиндонро дар назар дорад.
Сотрудник коммунальной службы подметает листья на улице в Москве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2021
"Forbes": Муҳоҷирон бо ваҳм аз Русия фирор мекунанд
Баъдан раиси Кумитаи тафтишот Александр Бастрикин дастур дод, ки амали ҳамлагарон ба моддаи ҷиддитар "сӯиқасд ба куштор" гурӯҳбандӣ ва инчунин дархост барои боздошти гумонбарон пешниҳод карда шавад.
Тафтишотро мутахассисони Кумитаи тафтишотӣ ва прокуратура анҷом додаанд. Онҳо инчунин риояи ҳуқуқи кӯдакро назорат хоҳанд кард. Пулис дар давоми камтар аз як рӯз ҳамаи иштирокчиёни ҳодисаро муайян кард. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Русия мебошанд, ки аз Оренбург омадаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала