Дар гузаргоҳи Ойбеки Ӯзбекистон ҳамоно мушкили мусофирони тоҷик бидуни ҳал боқӣ мондааст

© Sputnik Гузаргоҳи "Ойбек" -и Ӯзбекистон
Гузаргоҳи Ойбек -и Ӯзбекистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2021
Мусофирони тоҷик мегӯянд, ҳангоми убур аз гузаргоҳи Ойбеки Ӯзбекистон сарҳадбонони ин кишвар маълумотномаи тиббӣ дар бораи коронавирусро эътироф накарда, онҳоро барои супоридани ташхиси пулакӣ маҷбур мекунанд
ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Мусофирони тоҷик мегӯянд, ҳангоми убури марз дар гузаргоҳи Ойбеки Ӯзбекистон сарҳадбонони ин кишвар ташхиси тиббӣ дар бораи коронавируси онҳоро ба эътибор намегиранд. Дар чунин ҳол ҳар мусофир маҷбур аст, ки дар нуқтаи тиббии гузаргоҳ бо пардохти маблағ тест супоранд.

120 000 сӯми ӯзбекӣ, 5 дақиқа ва маълумотномаи тиббӣ

Шоҳрӯз Раҳматуллоев, як сокини шаҳри Истаравшан иброз намуд, ки як рӯз пеш аз сафараш ба Русия дар озмоишгоҳи назди идораи санитарию эпидемиологии Суғд ташхиси COVID-19 супорид, он то се шабонарӯз эътибор дошт, вале онро сарҳадбонони Ӯзбекистон дар гузаргоҳи Ойбек эътироф накарда, водораш намудаанд, ки бо пардохти 120 ҳазор сӯм аз нав ташхис шавад.

"Ман ночор 120 ҳазор сӯм супоридам, агар намесупоридам, ба гузаштан аз сарҳад иҷозат намедонанд ва дар чунин ҳол аз парвози ҳавопаймои Тошканд - Маскав мемондам. Баъди супоридани 120 ҳазор сӯм(140), дар панҷ дақиқа дар бораи манфӣ баромандани озмоиши коронавирус ба ман маълумотнома доданд", - афзуд ӯ.

Мусофирони дигар ҳам мавҷудияти ин мушкил дар гузаргоҳи сарҳадии Ойбеки Ӯзбекистонро таъйид карданд.
Тахшиси тиббӣ дар бораи коронавирус дар озмоишгоҳи назди идораи санитарию эпидемиологии вилояти Суғд дар гузаронида мешавад. Дар тӯли панҷ соат посухи озмоиш дар бораи манфӣ ва ё мусбат будани коронавирус муайян ва ба дархосткунанда маълумотнома дода мешавад.
Кори ин озмоишгоҳро дар замони хуруҷи бемории COVID-19 коршиносони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ назорат ва эътироф кардаанд.
Аммо эътироф нашудани ташхиси ин озмоишгоҳ аз ҷониби сарҳадбонони Ӯзбекистон ҳадсу гумонҳои зиёдеро ба вуҷуд меорад.
Граждане РТ пытаются выехать через КПП Фатехабад (Ойбек) в Мастчинском районе в сторону Ташкента, чтобы потом вылететь в Москву - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Чаро сокинони Суғд аз фурудгоҳи Тошканд ба Русия мераванд? – шарҳи мусофирону билетфурӯшон
Сарҳадбонони гузаргоҳи Ойбек ташхиси дар 5 соат хулосашудаи озмоишгоҳҳои Суғди Тоҷикистонро ба эътибор нагирифта, ба маълумотномаи тиббӣ дар 5 дақиқа омодашудаи худ иктифо мекунанд.
Чунин шеваи кори сарҳадбонони кишвари ҳамсоя масъулони идораҳои беҳдоштии вилояти Суғдро ҳам нигарон кардааст.
Таҳмина Усмонова, сардори идораи санитарию эпидемиологии Суғд чанде қабл дар як ҷаласа иброз намуд, ки дар бораи мушкили қабул нашудани ташхиси коронавирус аз ҷониби сарҳадбонони ӯзбек хабар доранд.
"Чандин нафар ба мо вобаста ба ин мушкил дар сарҳади Ӯзбекистон муроҷиат намуда буданд", - гуфт Усмонов.

"Kun.uz" дар бораи ташхиси пулакии мусофирони тоҷик чизе нагуфт

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш хабарнигори сомонаи "Kun.uz"-и Ӯзбекистон дар бораи гӯё ҳақситонӣ дар гузаргоҳҳои Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳ, “Достук-автодорожний”-и Қирғизистон ва "Жибек-Жолу"-и кишвари Қазоқистон матлабе ба нашр расонд.
"Kun. uz" гуфтааст, дар гузаргоҳи сарҳадии Дӯстии Қирғизистон ташхиси тиббии онҳо, яъне аз шаҳрвандони Ӯзбекистонро, ки аз ҷониби озмоишгоҳи Фурудгоҳи байналмиллалии Тошкент ба номи Ислом Каримов анҷом шуда будааст, ба эътибор нагирифта, ба ин баҳона барои ташхиси нав 50 ҳазор сӯми ӯзбекӣ талаб кардаанд.
Аммо хабарнигори "Kun. uz" дар бораи он ки айни ин ҳамин мушкил барои мусофирони тоҷик дар гузаргоҳи Ойбеки Ӯзбекистон ҳам ҷой дорад ва барои ташхиси коронавирус аз мусофирони тоҷик 120 ҳазор сӯми ӯзбекӣ талаб мекунанд, чизе нагуфтааст.
Мушкили эътироф нашудани ташхиси тиббии озмоишгоҳҳои Тоҷикистон дар гузаргоҳи Ӯзбекистон чаҳор моҳ ба ин тараф мавҷуд буда, ҳанӯз сарҳадбонони кишвари ҳамсоя мусофиронро водор мекунанд, ки барои ташхиси нав 120 ҳазор сӯм пардохт намоянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала