Маҳмадбеков дар Боку ҳарифонашро шикаст доду қаҳрамони "Grand Slam" шуд - навор

© Фото : Из личного архиваДзюдоист Махмадбек Махмадбеков
Дзюдоист Махмадбек Махмадбеков  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2021
Обуна шудан
Ҷаҳонпаҳлавони тоҷик ҳамакнун давоми як сол ду мартиба барандаи унвони Қаҳрамони "Grand Slam" гардид
ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон, ки мусобиқаи "Grand slam Baku - 2021" ҷараён дорад, паҳлавони тоҷик, Маҳмадбек Маҳмадбеков унвони қаҳрамониро азхуд кард.
Ин паҳлавон, дар Русия ба сар мебарад ва дар мусобиқаҳо аз ном ин кишвар баромад мекунад.
Ҳамин тариқ, дар шаҳри Боку, Маҳмадбеков дар вазни 73 кило, дар 5 рақобат ҳарифонашро шикаст дода, дар финал ҷопониро низ мағлуб кард.
Бояд гуфт, ки ҷавонпаҳлавони тоҷик дар мусобиқаи "Grand slam Kazan-2021" низ медали тилло ба гардан овехта буд.
Ӯ бародари хурдии Сомон Маҳмадбеков мебошад, ки дар Тоҷикистону Русия бо дастовардҳои варзишияшон шинохта мебошанд.
Маҳмадбек Маҳмадбеков, устоди варзиши Русия оид ба ҷудо, ғолиб ва барандаи медали биринҷии Чемпионати Аврупо-2019, дорандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон-2019, ғолиби чандкарата ва барандаи Ҷоми Аврупо мебошад.
Ӯ дар мактаби захираҳои олимпии шаҳри Иркутск таҳти роҳбарии бародарон Эргаш ва Фотеҳи Маҳмадбековҳо тамрин мекунад.
Лентаи хабарҳо
0