Мирзиёев барои дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ чораҳои иловагӣ меандешад

© Сайт Президента Республики УзбекистанПрезидент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев принял Премьер-министра Республики Таджикистан Кохира Расулзода
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев принял Премьер-министра Республики Таджикистан Кохира Расулзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2021
Мирзиёев зимни маросими савгандёдкунӣ ба унвони раисҷумҳури Ӯзбекистон аз нияти пуштибонӣ аз муҳоҷирон гуфт
ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Ӯзбекистон барои ҳамватаноне, ки дар хориҷа таҳсил ва кор мекунанд, чораҳои иловагӣ меандешад. Дар ин бора президенти ҷумҳурӣ Шавкат Мирзиёев дар суханронии худ изҳор дошт.
"Мо ҷиҳати дастгирӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҳамватаноне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил ва кор мекунанд, инчунин аъзои оилаи онҳо, ки дар кишвари мо зиндагӣ мекунанд, чораҳои иловагӣ меандешем,” – гуфт Мирзиёев.
Вай афзуд, бунёди ҷамъиятии "Ватандошлар" робитаро бо шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар кишварҳои дигар ба сар мебаранд, густариш хоҳад дод.
Бояд қайд кард, ки дар охири соли 2020 ҳудуди 1,6 миллион нафар аз Ӯзбекистон кор мекард, ки беш аз як миллион нафари онҳо дар Русия аст.
Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2021
Шавкат Мирзиёев ба Қуръону Сарқонун қасам хӯрду президенти Ӯзбекистон шуд
Аз моҳи январ то августи соли 2021 беш аз 50 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия аз ҳисоби ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон ба кор даромаданд.
Қаблан Мирзиёев идеяи раиси Ҳизби эҳёи миллии демократӣ Алишер Қодировро дар бораи ҷорӣ кардани андоз аз даромад барои муҳоҷирони корӣ танқид карда буд.
Президент Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2021
Мирзиёев пешниҳоди ҷорӣ кардани андоз аз даромади муҳоҷиронро танқид кард
Сарвари давлат ин гуна тадбирҳоро беасос номид. Ба гуфтаи ӯ, ҳамватанон хонаводаҳои худро таъмин мекунанд ва мақомоти кишвар барои дастгирии онҳо чораҳо меандешанд.
Ёдовар мешавем, ки маросими савгандёдкунии Мирзиёев ба унвони раисҷумҳури Ӯзбекистон дар бинои Сенат баргузор шуд. Дар ин маросим ӯ савганди садоқат ба мардум эълон карда, инчунин нишони сарисинагӣ гирифт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала