Аз бензину гази моеъ арзонтар: Тоҷикистон истифодаи гази табииро ба роҳ мемонад

© SputnikГазовая труба в городе Худжанд
Газовая труба в городе Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2021
Обуна шудан
Дар пайи гароншавии бесобиқаи гази моеъ ва бензину сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон истифодаи гази табиӣ ба роҳ монда мешавад. Ин навъи сӯзишворӣ дар муқоиса бо гази моеъ ва бензин аз ду то се маротиба арзонтар гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Масъулони Хадамоти зиддиинҳосории назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба роҳ мондани нуқтаҳои фурӯши гази табиӣ иттилоъ доданд.
Ҳабиб Абдуллозода, як корманди ин ниҳод ахиран дар суҳбат бо телевизиони давлатии “Тоҷикистон” дар бораи мушкили гаронии бензин ва гази моеъ дар кишвар ишора намуда зикр кард, ки дар ин бора чораандешӣ шуруъ шудааст. Ӯ шарҳ дод, ки ба роҳ мондани истифодаи гази табиӣ яке аз роҳҳои бурунрафт аз мушкили дастрасӣ ба маводи сӯхт аст.

"Айни замон барои барқарор намудани нуқтаҳои фурӯши гази табиӣ корбарӣ рафта истодааст ва рӯзҳои наздик истифодаи ин навъ маводи сӯхт дар кишвар ба роҳ монда хоҳад шуд", - афзуд корманди Хадамоти зиддиинҳисорӣ.

Масъулини вилояти Суғд ҳанӯз моҳи декабри соли 2020 дар бораи овардани гази табии Ӯзбекистон ба шимоли кишвар бо шуълавар намудани гулхани он расман иттилоъ дода буданд. Ин гулхани гази табиӣ баъд аз даҳ соли таваққуф дубора дар Хуҷанд, маркази Суғд фурӯзон шуд.
Роҳбарони ширкати “Суғдиёнгаз” гуфта буданд, ки гази табиӣ дар навбати аввал ба коргоҳҳои саноатӣ ва баъдан ба аҳолӣ дастрас карда мешавад. Аммо аз он замон як сол сипарӣ мешавад, вале то кунун аҳолӣ аз ин сӯзишвории арзон истифода карда наметавонанд.
Коршиносони умури иқтисодӣ дар шароити болоравоии бесобиқаи нархи бензин ва гази моеъ ба роҳ мондани истифода аз гази табииро чораи саривақтӣ мегӯянд.
Носир Кенҷаев, таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегӯяд, гароншавии маводи сӯхт қариб дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дида мешавад, вале ҷониби Ӯзбекистон бо ба роҳ мондани истифодаи гази табиӣ ин мушкилро паси сар мекунад.
Газовая конфорка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
Рекорди нави нархи газ дар Аврупо
"Мушоҳида мешавад, ки қариб ҳама намуд воситаҳои нақлиёт дар Ӯзбекистон бо гази табиӣ ҳаракат мекунанд. Ин ба нафъи иқтисодии ҳам кишвар ва ҳам сокинон аст", - илова намуд коршинос.
Бинобар иттилои дарёфтӣ, ширкати “Тоҷиктрансгаз” соли ҷорӣ 1000 куб гази табииро бо нархи 155 доллари ИМА аз Ӯзбекистон харида, ҳар як куби онро бо нархи 1 сомонию 75 дирам ба ширкати “Суғдиёнгаз” фурӯхт.
Дар навбати худ “Суғдиёнгаз” болои ҳар куб гази харидоришуда 30 дирам монда, онро бо нархи 2 сомонию 5 дирам ба корхонаҳо мефурӯшад ва ин рақам дар муқоиса ба нархи ангишт ва қимати барқ арзон гуфта мешавад.
Барои мисол, коргоҳҳои саноатӣ 1 кВт нерӯи барқро бо нархи 67 дирам мегиранд. Ва ё арзиши як тонна ангишт дар муқоиса ба солҳои пеш то 2500 сомонӣ бештар шудааст.
Нерӯи баробари гази табииву бензин. Кадомин арзон аст?
Бино ба таъкиди таҳлилгарон, нерӯи 1 куб гази табиӣ ба нерӯи як литр бензин баробар будааст. Барои мисол, агар бо як литр бензин воситаи нақлиёт 10 - 14 километр роҳро тай намояд, бо 1 куб гази табиӣ ҳам тай намудани ин масофаи роҳ имконпазир аст.
Дар ҳоли ба роҳ мондани истифодаи гази табиӣ нархи он назар ба гази моеъ ва бензину сӯзишвории дизелӣ аз як то се баробар арзон гуфта мешавад. Ва аз ин ҳисоб иқтисоди сокинон аз банди буҳрон раҳо хоҳад ёфт.
Чунин таҷрибаи истифода аз гази табииро вилояти Суғд, шимоли Тоҷикистон замоне таҷриба намуда буд. Ва аксари мошинҳои мусофирбару боркаш он замон бо гази табиӣ ҳаракат мекарданд.
Работа АЗС в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Нархи сӯзишвории дизелӣ боз афзоиш ёфт: бо бензин баробар
Бино ба нархномаи ширкатҳо, дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон як литр бензини навъи АИ 95 11,7 сомонӣ, бензини навъи АИ 92 11,4 сомонӣ, як литр гази моеъ 7,8 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 11,4 сомонӣ қимат дорад.
Чунин гаронӣ дар муқоиса ба аввали соли ҷорӣ 60-65% гуфта мешавад. Оғози сол нархи газ 4 сомонӣ буду бензину сӯзишвории дизелӣ то 7 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Иқтисоддонҳо мегӯянд, болоравии нархи маводи сӯхт ба нархи маводи ғизоӣ дар бозор таъсир расонида, боис ба хисороти ҷомеа мешавад.
Лентаи хабарҳо
0