Дастаи "Персполис"-и Теҳрон мехоҳад ду футболбози тоҷикистониро бихарад

Команда Истиклол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2021
Расонаҳои Эрон аз музокироти тими "Персполис"-и Теҳрон барои ҷалби ду бозигари тими “Истиқлол”-и Тоҷикистон хабар доданд
ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Дар рӯзҳои ахир дастаи "Персполис"-и Теҳрон музокироте барои ҷазби ду бозикуни зери 23 соли тоҷикистонии тими "Истиқлол" -и ин кишвар анҷом додааст.
Ба гузориши расонаҳои варзишии Эрон, Ваҳдат Ҳаннонов, дифоъгари рости 21-сола ва Манучеҳр Сафаров, бозикуни хатти миёнии 20-солаи тоҷикистонӣ ду бозигаре ҳастанд, ки мудирони тими футболи "Персполис" музокироте барои ҷазби онҳо анҷом додаанд.
Председатель комитета по делам молодежи и спорта Таджикистана Абдулло Рахмонзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Тавсифи раиси Кумитаи ҷавонону варзиш аз шароит барои варзишгарон дар Тоҷикистон
“Истиқлол”, бошгоҳи футболи Душанбе, яке аз дастаҳои маъруфи футболи Тоҷикистон чемпиони кунунии Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон ва Ҷоми футболи Тоҷикистон аст.
Клуби футболи “Истиқлол” Душанбе моҳи ноябри соли 2007 таъсис ёфтааст.
"Персеполис" як бошгоҳи футболи эронӣ аз Теҳрон аст, ки моҳи декабри 1963 таъсис ёфтааст. Ин бошгоҳ дар Лигаи олии Эрон ширкат мекунад. "Персеполис" яке аз маъруфтарин, унвондортарин ва пурқувваттарин бошгоҳҳои Эрон аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала