Панҷ иштироккунандаи задухӯрд дар Домодедово боздошт шуд

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузаштан ба хазинаи аксРуки в наручниках.
Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2021
Пулиси вилояти Маскав аз боздошти панҷ иштироккунандаи муноқишаи гурӯҳӣ дар ноҳияи Домодедово хабар дод
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Панҷ иштироккунандаи нисбатан фаъоли задухӯрди гурӯҳӣ дар Домодедово боздошт ва ба идораи пулис интиқол дода шуд, хабар дод Сарраёсати умури дохилии вилояти Маскав.
Маврид ба зикр аст, ки навори он ахиран ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта, баҳс барангехт. Таъкид шудааст, ки муноқиша аз таниши лафзӣ оғоз шуда, баъдан ба латукӯб печидааст.
Драка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2021
Задухӯрди гурӯҳӣ дар Домодедова: пулис гуфт, омилонро муайян мекунад - видео
Дар навор сабт шудааст, ки чӣ гуна якчанд нафар як касро, ки ба замин афтида, мезананд.
Дафтари матбуотии пулиси вилояти Маскав изҳор доштааст, ки таҳқиқи ҳодисаро оғоз карда, амалиёт барои муайянсозии иштирокдорони дигари задухӯрд идома дорад.
Додситонии вилояти Маскав хабар дод, ки таҳқиқи қазияро зери назорат гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала