Задухӯрди гурӯҳӣ дар Домодедова: пулис гуфт, омилонро муайян мекунад - видео

© Sputnik Драка, архивное фото
Драка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2021
Обуна шудан
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ведеои задухӯрди гурӯҳие нашр гардидааст, ки ба гуфтаи шоҳидон, дар минтақаи Домодедова рух додааст
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Навори муноқишаи гуруҳӣ бо иштироки даҳҳо нафарро дар шабакаҳои иҷтимоӣ телевизиони RT нашр кардааст.
Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса дар кӯчаи Гагарин рух додааст, аммо вақти мушаххас зикр нагардидааст.
Дафтари матбуотии Раёсати умури дохилии вилояти Маскав хабар додааст, ки ин ҳолатро мавриди санҷиш қарор медиҳанд. Бар асоси ҳолати сабтшуда, чанд нафар байни ҳам муноқиша мекунанд, ки бо латукӯб меанҷомад.
Мақомоти пулис мегӯянд, шахси иштирокдорони ин муноқишаро муайян мекунанду ҳолатҳои рух додани занозаниро дақиқ месозанд.
Додситонии вилояти Маскав изҳор доштааст, ки таҳқиқи қазияро зери назорат мегирад.
Лентаи хабарҳо
0