Артиши Тоҷикистон дар феҳрасти сад кишвари бартар

Обуна шудан
Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон миёни 140 кишвари дунё дар мақоми 99 - ум қарор дорад
Пойгоҳи таҳлилии "Global Firepower" дар радабандии ахираш нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро аз миёни 140 кишвари дунё дар мақоми 99-ум гузошт.
Соли гузашта низ Тоҷикистон айнан дар ин мақом қарор дошт.
Тоҷикистон ба топ - 100 артиши тавонои ҷаҳон ворид шуд
Бар гузориши ин пойгоҳ, дар Осиёи Марказӣ қавитарин артиш аз Ӯзбекистон аст, ки дар зинаи 51 қарор дошта, ҳайати низомии он 50 ҳазор гуфта мешавад.
Қазоқистон дар ҷойи 61-ум, Туркманистон дар зинаи 86 ва Қирғизистон дар ҷойи 93 қарор гирифтаанд.
Мувофиқи радабандӣ ҷойи авалро Амрико, ҷойи дувумро Русия ва ҷойи сеюмро Чин гирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0