Аз барканории раиси ВМКБ то қабули қонуни нави андоз - хабарҳои ҳафтаи рафта

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми рутбадиҳӣ ба Алишер Мирзонаботов, муовини аввали раиси ВМКБ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми рутбадиҳӣ ба Алишер Мирзонаботов, муовини аввали раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2021
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бо тағйироти кадрӣ, гароншавии доллару тағйири Қонуни андоз оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 8 ноя – Sputnik. Ҳаводису рӯйдодҳои ҳафтаи рафта барои сокинони Тоҷикистон "армуғон"-ҳои худро дошт. Барканории раиси вилояти Бадахшон Ёдгор Файзов, ки яке аз раисҳои мардумӣ арзёбӣ мегардид, яке аз онҳо буд.
Рубл, ки дар охири моҳи октябр бениҳоят гарон шуд, авали моҳ каме суқут кард ва доллар баръакс майли гарон шудан дошт.
Дар пайи "лимит"-и барқу гароншавии сӯзишвории дизелӣ, сокинон аз нархи ҳезум, ҳатто таппак шиква карданд.
Sputnik Тоҷикистон аз ин ва дигар ҳаводис дар ҳафтаи гузашта ёдовар мешавад.

Аз гароншавии доллар то таппак

Бинобар иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, аввали ҳафта арзиши рубл нисбат ба сомонӣ каме коҳиш ёфт. Ҳамин тавр 1 ноябр, арзиши 1 рубли русӣ 0.1586 сомониро ташкил медод.
Аммо арзиши асъори амрикоӣ дар нишондоди нави БМТ каме боло рафт. Қурби 1 доллар 2 ноябр дар бозори арзи кишвар 11.2585 сомонӣ арзиш дошт, дар ҳоле ки ҳамагӣ як рӯз пеш 11.2480 буд.
Ҳамин тавр арзиши рубл то охири ҳафта, 5 ноябр ба 0.1570 поён, арзиши доллар ба 11.2830 сомонӣ боло рафт.
Сокинони Тоҷикистон бо фарорасии сардиҳо ва маҳдудияти барқрасонӣ аз арзиши ҳезуму ангишт ва ҳатто таппак шикоят карданд.
Ба қавли онҳо, қимати як мошин ҳезум то 1600 ҳазор сомонӣ ва як тонна ангишт ба 2500 сомонӣ расид, дар ҳоле ки то чанд вақти пеш ҳамагӣ ин миқдор ҳезуму ангишт 1400 ва 1800 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Машина с дровами в Согде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Болоравии нархи ангишту ҳезум дар пайи “лимити барқ” дар рустоҳои Тоҷикистон
Бино ба гуфтаи як сокини рустонишини Истаравшан, нархи як мошин таппак ба 1200 сомонӣ баробар шудааст. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта нарх 20 дарсад ё 200 сомонӣ афзудааст.
Дар пайи ин гузоришҳо охири ҳафта масъулони идораи Хадамоти зиддиинҳосории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эҳёи нуқтаҳои таъмини гази табиӣ иттилоъ доданд.
Ҳабиб Абдуллозода, як корманди ин ниҳод ахиран дар суҳбат бо телевизиони давлатии “Тоҷикистон” дар бораи мушкили гароншавии бензин ва гази моеъ дар кишвар ишора намуда, зикр кард, ки дар ин бора чораандешӣ шуруъ шудааст. Ӯ шарҳ дод, ки ба роҳ мондани истифодаи гази табиӣ яке аз роҳҳои бурунрафт аз мушкили дастрасӣ ба маводи сӯхт аст.
Гозовая труба в городе Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2021
Аз бензину гази моеъ арзонтар: Тоҷикистон истифодаи гази табииро ба роҳ мемонад
Ба қавли вай, барои барқарор намудани нуқтаҳои фурӯши гази табиӣ иқдомоте рӯи даст гирифта шудааст ва дар рӯзҳои наздик истифодаи ин навъ маводи сӯхт дар кишвар ба роҳ монда хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол Вазорати саноати Тоҷикистон 6 ноябр аз афзоиши истеҳсоли тило дар нуҳ моҳи ахир дар кишвар хабар дод.
Бинобар иттилои манбаъ, истихроҷи тило дар Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2021 нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 беш аз ҳашт дарсад афзоиш ёфтааст. Аммо вазорат мушаххас накардааст, ки дар ин муддат дар Тоҷикистон чӣ миқдор тило истихроҷ шудааст.
Маълум аст, ки дар кишвар бештари металлҳои қиматбаҳо аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ, асосан чинӣ истихроҷ ва пардозиш мешаванд. Истеҳсолкунандагони аслии тило дар Тоҷикистон коргоҳҳои "Зарафшон", "Покрӯд" ва "Таком голд" мебошанд. Аксари саҳмияҳои ин ширкатҳо ба соҳибкорони чинӣ тааллуқ доранд.
Андозбандӣ сабук шуд? Қабули кодекси нави андоз дар Тоҷикистон
Сеюми ноябр Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатияш тарҳи Кодекси андозро дар таҳрири нав тасвиб кард.
Ба вакилон Кодекси нави андозро вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода муаррифӣ карда гуфт, ки дар лоиҳаи ҷадид теъдоди умумии андозҳо аз 10 ба 7 адад расонда шуд.
Номбурда гуфт, дар лоиҳа меъёрҳои андоз аз арзиши иловашуда низ коҳиш дода шудааст.
Қаблан меъёри андоз аз арзиши иловашуда 18 фоиз буд, он дар лоиҳаи нав 15 фоиз пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин давра ба давра, то соли 2027 кам шудани андоз аз арзиши иловашуда то 13 фоиз пешбинӣ шудааст.
Нарзулло Маликзода, ноиби раиси Кумитаи андоз ва узви гурӯҳи таҳиякунандаи лоиҳаи кодекс пештар гуфта буд, ки дар лоиҳаи нав тартиби ҳисобу меъёрҳо нав шуд, ки ин, ба гуфтаи ӯ, албатта, талафотеро низ дар пай дорад.
Вывеска на здании Налогового комитета при правительстве РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2021
Қабули кодекси нави андоз дар Тоҷикистон: вазир гуфт, андозбандӣ сабук шуд
Ӯ афзуд, ки дар марҳилаи аввал мушкил хоҳад буд, аммо интизор доранд, ки дар дурнамо соҳибкорӣ, аз ҷумла истеҳсол рушд мекунаду манбаъҳои нави андозбандӣ пайдо мегарданд.
Ба гуфтаи ӯ, дар лоиҳа андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомилгард аз феҳрасти молиёт хориҷ гардида, андоз аз фоида бо андоз аз даромад ва молиёт аз воситаи нақлиёт бо андоз аз молумулк муттаҳид карда шуданд.
“Меъёри андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ барои фаъолияти истеҳсолӣ ба 13, барои дигар намуди фаъолият аз 23 ба 18 фоиз кам карда шуд. Ин андоз барои ташкилотҳои молии қарздиҳӣ ва ширкатҳои мобилӣ ба андозаи 20 фоиз таъйин гардид. То ҳол 23 фоиз буд”, - изҳор дошт Маликзода.
Ба гуфтаи ӯ, меъёри ягонаи андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи 12 фоиз муайян шуд, ки қаблан 8 ва 13 дарсад буд.
Маликзода таъкид намуд, ки бо мақсади шаффофияти баҳисобгирӣ ва дақиқ нишон додани шумораи кормандону маош нисбат ба фаъолияти соҳибкорӣ меъёри андози иҷтимоӣ аз 25 фоиз то 20 фоиз кам карда мешавад.
Ёдовар мешавем, дар оғози соли равон Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар Вазорати молия ва Кумитаи андозро муваззаф кард, ки Кодекси андозро дар таҳрири нав таҳия, сарбории зиёдро кам ва ҳамчунин сабукиҳоеро барои соҳибкорону сармоягузорон фароҳам намоянд.

Аз барканории Файзов то мақоми нави Мирзонабот

Дар миёнаи ин ҳафта аз тағйироти кадрӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дода шуд, ки боиси сарусадоҳо низ гашт: Ёдгор Файзов, раиси вилоят, ки яке аз роҳбарони мардумӣ унвон мешуд, аз мақомаш барканор шуд.
Рафтани Ёдгор Файзов, ки ҳамагӣ се сол пеш, дар пайи интиқоди вазъ дар Бадахшон аз тарафи раисҷумҳур ва барканории Шодихон Ҷамшед пас 5 соли раёсташ бар ин вилоят ба ҷойи ӯ таъйин шуд, ҷонибдоронашро нигарон намуд.
Ҳамин тавр 5 ноябр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармонеро содир карда, Файзовро аз мақом барканор кард. Далели ин иқдоми раисҷумҳур дар санад зикр намешавад.
Ёдгор Файзов - раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2021
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов аз мансабаш барканор шуд
Ба ҷои вай президент Алишер Мирзонабот, раиси шаҳри Хоруғро раиси ВМКБ таъйин кард. Ӯ тайи ду сол муовини раиси ВМКБ ҳам буд.
Тағйироти кадрӣ дар ВМКБ бо барканор шудани Файзов ва Мирзонабот анҷом наёфта, Назира Амирбекзода, ки муовини Файзов буд, низ барканор гардиду ҷойгузини ӯ Нилуфар Асламшоева шуд.
Ҳамчунин Назарзода Ризо Шодӣ бо фармони дигари Эмомалӣ Раҳмон, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ таъйин гардид.
Бо фармонидигари раисҷумҳур раиси суди ноҳияи Шаҳритус бинобар расиданаш ба синни ниҳоии додрасӣ аз вазифа барканор гардид. Бо фармони раисҷумҳур ҳамчунин Сатторӣ Далер Абдумансур, мудири Муассисаи давлатии рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ интихоб гардид.

Аз гузоришҳо дар бораи ҳузури Аҳмад Масъуд дар Тоҷикистон то инфиҷорҳо дар Кобул

Аввали ҳафта расонаҳои хориҷӣ аз ҳузури Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Тоҷикистон хабар доданд.
Манобеъ дар истинод ба муовини собиқи волии вилояти Панҷшер Кабир Восиқ навиштанд, ки "Аҳмад Масъуд дар Тоҷикистон аст, гоҳ-гоҳ ба Афғонистон сафар мекунад ва бо воҳидҳои муқовимат дар манотиқи мухталифи кишвар мулоқот мегузаронад".
Аммо як рӯз пас ин иттилоъро худи ҷабҳа такзиб кард.
Ба қавли вай, Аҳмад Масъуд дар хоки Афғонистон аст, аммо ба далоили амниятӣ дақиқ гуфта намешавад, ки дар кадом минтақааш қарор дорад.
Хабари дигар дар аввали ҳафта аз Афғонистон инфиҷоре дар назди як бемористон дар Кобул буд. Масъулияти ин ҳамалро ДОИШ* бар уҳда гирифт.
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2021
Изҳороти ВУХ Эрон дар бораи сафари Аҳмад Масъуд ба Машҳад
Агар хабари ҳузури Аҳмад Масъуд дар Тоҷикистон тасдиқ нашуда бошад ҳам, аз дидори ӯ бо Амир Исмоилхон, яке аз роҳбарони ҷиҳодӣ ва волии пешини Ҳирот дар Эрон хабар дода шуд.
Ҷузъиёти ин мулоқот ошкор намешавад, вале гуфта мешуд, Аҳмад Масъуд дар ин дидор паёми даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро барои таъсиси ҳукумати фарогир матраҳ кардааст.

Варзиш: аз 5 медали тило дар Ӯзбекистон то нуқраи Темур Раҳимов

Ин ҳафта барои варзишгарони тоҷик бобарор оғоз шуд. Авали моҳ дар Намангони Ӯзбекистон мусобиқаи кушоди таэквандо анҷом ёфт.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 61 варзишгари синну соли гуногун намояндагӣ намуд ва дастикам 26 медал, аз ҷумла 5 медали тилоро соҳиб шуданд.
Медалҳои тилоро Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов, Муниса Ойматова, Рӯзигул Саидова, Азимҷон Абдуллоев ва Исмоил Исроилзод гирифтанд.
Аммо рӯзи дигар аз нокомии муштзанҳои тоҷик дар Белгради Сербистон хабар дода шуд. 2 ноябр варзишгарони тоҷик ширкати худро дар Қаҳрамонии бокси ҷаҳонӣ байни мардон ба анҷом расонданд.
Дар остонаи даври 1/8 ниҳоии ин қаҳрамонӣ Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев ба майдон баромаданд.
Темур Рахимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2021
Темур Раҳимов дар Боку медали нуқра гирифт - видео
Дар вазни то 80 кило Шаббос Неъматуллоев аз Кайлан Кэссиди (Ирландия) ва дар вазни то 63,5 кило Баҳодур Усмонов аз Сомчай Вонгсуван (Таиланд) бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрданд.
Пеш аз ин Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 92 кило аз муштзани ҳиндӣ Наренда ва дар даври чаҳорякниҳоӣ Абдураҳмон Ёқубов дар вазни то 60 кило аз Алекс де Ла Круз Баез аз Доминикан шикаст хӯрда буданд.
Қаблан Абдумалик Болтаев дар вазни 75 кило аз муштзани ҳиндӣ Сумит шикаст хӯрда, аз қувваозмоӣ маҳрум шуда буд. Парвиз Каримов дар вазни 92 кило дар рақобат бо Ҷамар Теиллии амрикоӣ шикаст хӯрд. Хусравхон Раҳимов (57 кило) аз Ландазури Гонсалеси кубаӣ ва Саидикром Амонов (67 кило) аз Мартин Шкогейм аз Норвегия шикаст хӯрданд.
Ҳамин тариқ иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати бокси ҷаҳон дар байни мардон поён ёфт.
Худи ҳамон рӯз хабар дода шуд, ки тими олимпии Тоҷикистон ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё роҳ ёфт
Пештар тими олимпии Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи “В” ҷои дуюмро ишғол карда буд ва бинобар ин ба марҳилаи финалӣ роҳ ёфт.

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз чӣ рух дод?

Ҳафтаи гузашта бо як хабари нигаронкунанда дар масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба анҷом расид.
КДАМ-и Қирғизистон хабар дод, ки сарбозони тоҷик ба сӯйи мошини як марзбони қирғиз санг партоб кардаанд.
Тибқи гузориши ин ниҳод, 4 ноябр дар ноҳияи Лайлак, дар қитъаи роҳи Арка - Борбордук, дар рӯ ба рӯи нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Бостон" як марзбони қирғиз савори мошинаш кӯшиш гардиш кардааст.
Ситуация на границе Кыргызстана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
КДАМ Қирғизистон: Низомиёни тоҷик мошини марзбони қирғизро сангборон карданд
Дар ҷараёни ин ҳаракат мошинро панҷ низомии тоҷик сангборон карданд", - омадааст дар хабар.
Манбаъ мегӯяд, онҳо кӯшиши боздошти ӯро кардаанд, вале бебарор будааст. Сарҳадбон осеб надидааст, танҳо шишаи мошинаш шикастааст.
КДАМ Қирғизистон афзуда, ки корҳо дар ин самт идома доранд.
Аммо ин гузориши манбаъ, дар Тоҷикистон рад карда шуд.
Масъулони ҷамоатҳои наздимарзии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҳодисаи сангбороншавии мошини қирғизҳо аз ҷониби низомиёни тоҷикро рад карда, ин хабарро дурӯғу беасос номиданд.
Матлуба Ҷӯрабоева, муовини раиси ҷамоати Хистеварзи ҳаммарз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳодисаи сангпартоӣ ба сӯйи мошинҳои қирғизҳо аз ҷониби низомиёни тоҷикро рад намуд.
“Ман ҳам ин хабарро хондам, ин хел ҳодиса дар ҳудуди ҷамоат рух надодааст. Ин хабари бардурӯғ аст. Ҳоло ҳама ҷо тинҷу ором аст”, - гуфт муовини раиси ҷамоати Хистеварз.
Ин дар ҳолест, ки КДАМ Тоҷикистон иттилои ниҳоди Қирғизистонро шарҳ надод.
Аҳмадҷон Шукурзода, раиси ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ гуфт, хабарҳо дар бораи сангборон кардани мошинҳои низомиёни қирғиз асоси воқеӣ надорад.
“Ин гуна ҳодиса рух надодааст ва чунин хабарҳо сохтаву бофтаи ҷониби қирғизҳост”, - гуфт Шукурзода.
Тоҷикистону Қирғизистон дар умум беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз таъйину аломатгузорӣ нашудааст.
*- гурӯҳи террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала