Ҳавои Бишкек дар ҷаҳон ифлостарин аст

© Sputnik / Эмиль СадыровЖилмассив Кок-Жар во время смога, архивное фото
Жилмассив Кок-Жар во время смога, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2021
Ҳавои Бишкек аз шаҳри Деҳлии Ҳиндустон ва Лоҳури Покистон ҳам олудатар аст
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Пойгоҳи "World Air Quality" радабандии кишварҳое, ки ҳавои ифлос доранд, нашр намудааст.
Ба гузориши ин пойгоҳ, дар ҷаҳон ифлостарин ҳаво дар Бишкек мебошад. Ҳавои ҳамсоякишвари Тоҷикистон ҳатто аз ҳавои шаҳрҳои Деҳлии Ҳиндустон ва Лоҳури Покистон ҳам ифлостар аст.
Гуфта мешавад, нишондиҳандаи сифати ҳаво дар пойтахти Қирғизистон ба 260 AQI баробар аст. Ин нишондод ба шаш категория тақсим шуда, аз афзоиши сатҳи таҳдид ба саломатӣ шаҳодат медиҳад.
Нишондоди аз 300 болотари AQI аллакай нигаронкунанда аст. Чунин вазъи ҳаво барои одам хатарзо гуфта мешавад. Ҳамзамон нишондиҳандаи аз 50 поён сифати хуби ҳаворо арзёбӣ мекунад.
Автомобильная пробка на дороге в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2021
Пойтахтро ифлос мекунед: дар Душанбе 150 ронандаи боркашро ба ҷавобгарӣ мекашанд
Гузоришгарон қайд намуданд, ки дар ин радабандӣ пас аз Бишкек, дар мақомҳои баъдӣ Деҳлӣ ва Лоҳур қарор доранд.
Шаҳри Мелбурни Австралия бошад, ҳамчун шаҳри дорои тозатарин ҳаво дар сайёра эътироф шудааст. Нишондоди сифати ҳаво дар ин шаҳр ба 3 баробар аст.
Дар гузориши ин пойгоҳ, номи Тоҷикистон тамоман зикр нашудааст. Дар ин радабандӣ танҳо 93 кишвари ҷаҳон ҷо дода шуд, ки бадтаринаш Бишкек ва беҳтаринаш Мелбурн гуфта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала