Низомиёни собиқи Афғонистон: даъвои пайвастан ба ДОИШ* як тавтеа барои куштани мост

© AFP 2023 / WAKIL KOHSARОфицер афганской полиции дежурит на заставе
Офицер афганской полиции дежурит на заставе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2021
Обуна шудан
Низомиёни собиқи Афғонистон иддаои пайвастанашон ба бахши "ДОИШ-и Хуросон"* - ро тавтеа хонданд
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Шуморе аз сарбозони собиқи ҳукумати Афғонистон ба расонаҳои афғон дар номаи саркушода иддаои пайвастан ба бахши "ДОИШ-и Хуросон"* - ро (гурӯҳи мамнӯи террористӣ дар Русия) шоеъа ва баҳонаи куштори сарбозони собиқ аз сӯи "Толибон"* унвон кардаанд, хабар медиҳад Al Arabiya.

"Гузориши Wall Street Journal дар бораи пайвастани нерӯҳои собиқи афғон ба ДОИШ* ангезаи сиёсӣ дорад", - омадааст, дар номаи сарбозони собиқ.

Афсарону кормандони Раёсати амнияти миллии ҳукумати пешин дар ин нома навиштаанд, ки "Толибон"* онҳоро пайгирӣ ва куштаистодаанд.
Дар ин нома гуфта мешавад, ки иддаои пайвастани бархе аз ҳамкорони онҳо ба гурӯҳи ДОИШ* бахше аз барномаи “хасмонаи душман” ба хотири аз байн бурдани онҳо бо иттиҳоми пайвастан ба “Давлати исломӣ”* аст.
Онҳо афзудаанд, ҳарчанд хостори Афғонистони босубот ҳастанд, аммо ҳушдор додаанд, ки агар ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба талабот ва ҳуқуқи башари сарбозони собиқ таваҷҷуҳ накунад, барои зинда мондан ҳар кореро анҷом медиҳанд ва дар ин сурат "хатару мушкилоти ғайричашмдошт" ба вуҷуд меояд.
Американский вертолет UH-60 Black Hawk в Афганистане. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2021
Халабонҳои афғонистонӣ 25 дарсади ҳавопаймоҳои ҷангиро ба Ӯзбекистону Тоҷикистон бурдаанд
Гуфта мешавад, нусхаи нома ба созмонҳои ҷаҳонии мубориза бо терроризм, созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва созмонҳои байналмилалӣ, бахусус Шӯрои Амнияти СММ ирсол шудааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзномаи "Wall Street Journal" қаблан гузориш дода буд, ки теъдоде аз маъмурони собиқи амниятии миллии ҳукумат ва нерӯҳои элита барои пайвастан ба бахши "ДОИШ-и Хуросон"* сабти ном шудаанд.
"Толибон"* то ҳол ба номаи низомиён посух надодаанд ва нигарониҳои онҳоро шарҳ надодаанд.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0