Русия пойгоҳи 201 дар Тоҷикистонро бо тонкҳои нав муҷаҳҳаз мекунад

Танк Т-72Б3 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2021
Нахустин тонкҳои нави Т-72Б3М аллакай дар моҳи ноябр дар ихтиёри пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон қарор мегиранд
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон бо тонкҳои Т-72Б3М муҷаҳҳаз мешавад, хабар дод фармондеҳи Ҳавзаи марказии низомӣ, генерал-полковник Александр Лапин.
Ба гуфтаи ӯ, нахустин қатори тонкҳои ҷадид моҳи равон ба Тоҷикистон мерасанд. Ӯ зимни як ҳамоиш бо иштироки рӯзноманигорон аз бартариҳои ҷангии танки ҷадид тавсиф кард.

"Мо дар пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон кори зиёде барои муҷаҳҳазсозӣ анҷом додем. Феълан се баталиони тирандози савора пурра силоҳу техникаи ҷадид гирифтанд", - изҳор дошт фармондеҳи низомӣ.

Таъкид шудааст, ки то охири соли равон дар маҷмуъ 60 адад аз чунин мошинҳои ҷангӣ ба пойгоҳи 201 интиқол дода мешаванд.
Гуфта мешавад, қабати зиреҳии ҳимояи сарнишинҳо ва иқтидори зарбазании онҳо тақвият шудааст. Инчунин мошинҳои ҷадид бо муҳаррики ҷадиди "Акведук" муҷаҳҳаз мебошанд.
Таджикские военные на параде  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2021
Мутахассисони рус беш аз 6 ҳазор низомии тоҷикро омӯзиш доданд
Қаблан пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон соҳиби мошинҳои зиреҳпӯши "Патрул" ва "Есаул" шуда буд.
Таъкид гардидааст, ки тавони ҷангии пойгоҳи низомӣ баъди таҷҳиз бо силоҳу воситаҳои алоқаи муосир ба маротиб афзоиш меёбад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала