Таркиш даҳшатноке қаҳвахонаеро дар Актау аз байн бурд – видео

Обуна шудан
Пас аз таркиши шадид дар як маҷмааи дуошёнаӣ дар Қазоқистон харобаҳои бино ба масофаи 200 метр пош хӯрданд
Таркиши шадид дар шаҳри Актау, ки шаби 8 ноябр рух дод, қаҳвахонаи "Аянат" дар маркази савдои "Шерқалъа"-ро комилан тахриб кард.
Видеои дурбинҳои назоратӣ лаҳзаи таркиши даҳшатборро сабт кардаанд, ки дар пайи он даҳҳо мошини наздик ба он хароб шудааст. Хушбахтона, аз талафоти ҷонӣ пешгирӣ карда шуд.
Дар ҳамин ҳол наҷотдиҳандагон, ки ҳоло дар ҷои ҳодиса қарор доранд, хабар медиҳанд, ки хатари таркиши дигаре низ вуҷуд дорад.
Гуфта мешавад, дар ин бино ба ғайр аз каҳвахона маҷмааи дуошёнаи дӯконҳои либоси корӣ, қисмҳои мошин, тарабхона, ҳаммом, маркази хидматрасонии техникӣ ва анбор низ мавҷуд буд.
Гуфта шудааст, ки инфиҷор ба сабаби хориҷшавии газ сурат гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0