Арзиши гузариши ду футболбози тоҷик ба тими "Персиполис" маълум шуд

© ФК ИстиклолСтороны согласовали трансфер двух защитников многократного чемпиона Таджикистана
Стороны согласовали трансфер двух защитников многократного чемпиона Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2021
Обуна шудан
Қарордори умумии гузариши Ваҳдат Ҳаннонов ва Манучеҳр Сафаров ба тими "Персиполис" камтар аз 200 ҳазор доллар аст
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Манучеҳр Сафаров ва Ваҳдат Ҳанноновро тими "Персеполис"-и Эрон ба арзиши камтар аз 200 ҳазор доллар харидорӣ хоҳад кард, хабар медиҳад сомонаи "footballi.net".
Манбаъ менависад, қарордоди умумии Ваҳдат Ҳаннонов ва Манучеҳр Сафаров камтар аз 200 ҳазор доллар аст ва агар “Персеполис” бо ин ду бозигар ба созиш бирасад, онҳо аввалин футболбозони тоҷик хоҳанд шуд, ки дар Лигаи олӣ бозӣ мекунанд.
Зимнан, тими "Истиқлол"-и Душанбе тасдиқ кард, ки бо дастаи "Персеполис" дар мавриди трансфери ду футболбози ҷавон созиш ҳосил шудааст.
Ба иттилои манбаъ, аз "Истиқлол" Ваҳдат Ҳаннонов ва Манучеҳр Сафаров ба "Персеполис" пайвастанд ва 8 ноябр озими Эрон шуданд.
Интизор меравад, ки дар Теҳрон баъди ташхиси тиббӣ қарордоди ҳамкорӣ имзо намоянд, ки муҳлати амалаш то 30 июни соли 2024 хоҳад буд.
Истиқлол-и Душанбе ба даври 1 / 8 финали мусобиқаи асосии клубҳои Осиё роҳ ёфт.   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
"Истиқлол" дар ҳаштякфинали Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бо "Персеполис"-и Эрон рақобат мекунад
Бошгоҳи шаҳри Душанбе ба ин ду футболбози ҷавон изҳори сипос карда, дар тими ҷадид барояшон муваффақият хостааст.
Ҳаннонов ва Сафаров дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон низ дар мавқеи ҳимоя бозӣ мекунанд.
Қаблан расонаҳои варзишии Эрон гузориш доданд, ки Ваҳдат Ҳаннонов, дифоъгари рости 21-сола ва Манучеҳр Сафаров, бозикуни хатти миёнии 20-солаи тоҷикистонӣ мавриди таваҷҷуҳи мудирони тими футболи "Персполис" қарор гирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0