Аъзои ҳукумати нави Афғонистон, аз ҷумла вазири панҷшерӣ ба Покистон мераванд

© Sputnik / Alexey Kudenko / Гузаштан ба хазинаи аксИО министра иностранных дел Афганистана, член руководства движения "Талибан"* Амир Хан Муттаки и представитель политического совета движения "Талибан"* Шахабуддин Делавар
ИО министра иностранных дел Афганистана, член руководства движения Талибан* Амир Хан Муттаки и представитель политического совета движения Талибан* Шахабуддин Делавар  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2021
Вазирони ҳукумати нав дар Афғонистон, созмони таҳти таҳрими Созмони Милалаи Муттаҳид барои фаъолияти террористӣ озими Покистон мешаванд
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Ҳайати ҳукумати толибҳо, аз ҷумла вазирони умури хориҷӣ, молия ва иқтисод рӯзи 10-уми ноябр ба Покистон мераванд.
Абдулқаҳҳор Балхӣ, намояндаи Вазорати умури хориҷии Афғонистон хабар додааст, ки ҳайат таҳти роҳбарии вазири хориҷӣ Амирхон Мутаққӣ дар шаҳри Исломобод густариши ҳамкориҳоро баррасӣ мекунад.
Таъкид шудааст, ки ҳайат инчунин Мулло Ҳидоятуллоҳ Бадрӣ, вазири молия ва Нуриддин Азизӣ, вазири тиҷорати ҳукумати навро низ шомил мешавад. Азизӣ соҳибкор аз вилояти Панҷшер аст, ки ахиран ба ҳайси вазири тиҷорат таъйин гардид.
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Умеди Лавров аз "Толибон"*: Ҳукуматро фарогир мекунанду вазъро ором
Ба иттилои Абдуқаҳҳор Балхӣ, намояндагони баландпояи толибҳо бо ҷониби Покистон масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҳамлу нақл, мушкили гурезаҳо ва содасозии убури марзро ба миён мегузоранд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Замир Кобулов, фиристодаи махсуси раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, 11 ноябр дар Исломобод ҷаласаи "Сегонаи тавсеаёфта" барои баррасии вазъи Афғонистон баргузор мегардад.
Дар ин ҳамоиш иштироки намояндагони Русия, Чин, ИМА ва Покистон дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала