Баҳодурзода ба кормандони милитсияи наздимарзӣ дар Исфара мошин тақдим кард

© пресс-служба администрации города Исфара Мэр Исфары подарил пограничной милиции автомобиль
Мэр Исфары подарил пограничной милиции автомобиль - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2021
Обуна шудан
Раиси шаҳри Исфара ба кормандони милитсияи наздимарзии ШВКД -1 дар шаҳри Исфара мошини "Mercedes – Sprinter" тақдим намуд
ДУШАНБЕ, 9 ноя – Sputnik. Калиди мошинро Баҳоваддин Баҳодурзода, шарҳдори Исфара зимни таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик тақдим кардааст.
Зубайдулло Шомадов, сухангӯи раиси шаҳри Исфара дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин туҳфа ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз фаъолияти кормандони милитсия буда, онро минбаъд ҳайати ШВКД-1 дар шаҳри Исфара истифода хоҳад кард.

"Имрӯз дар ҷамъомади тантанавӣ раиси шаҳр калиди мошинро ба сардори ШВКД -1 дар шаҳри Исфара тақдим намуд”, - афзуд Шомадов.

Дар шаҳри Исфара шуъбаҳои 1 ва 2 -и Вазорати корҳои дохилӣ амал мекунанд. Минтақаи фарогири фаъолияти ШВКД-1 ба ҷуз аз маркази шаҳр, инчунин ҷамоатҳои наздимарзии Лаккон, Шӯроб, Кӯлканд ва Чилгазии ин шаҳрро низ дар бар мегирад.
Алишер Мирзонабот, и.о главы ГБАО на праздновании дня милиции в ГБАО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2021
Таҷлили Рӯзи милитсия аз ВМКБ оғоз шуд: паёми шодбошии Алишер Мирзонабот
Шаҳрдори Исфара дар ҷараёни таҷлили Рӯзи милистияи тоҷик инчунин ба як гурӯҳ аз кормандон ва собиқадорони соҳа барои пуршарафона иҷро намудани вазифаҳои хидматӣ, иштироки фаъол дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ифтихорномаву сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намудааст.
Лентаи хабарҳо
0