Бонки Ҷаҳонӣ: Аз сар гирифтани кумакҳои мустақим ба Афғонистон ғариимкон аст

CC BY 2.0 / Simone D. McCourtie / World Bank / World Bank Main Complex buildingВсемирный банк, офис в Вашингтоне
Всемирный банк, офис в Вашингтоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2021
Раҳбари Бонки ҷаҳонӣ изҳор дошт, ки пас аз таълиқи кумакҳо ба Афғонистон дар пайи тасаллути Толибон баид аст, ки ин ниҳод кумакҳои мустақим ба ин кишварро аз сар гирад
ДУШАНБЕ, 9 ноя— Sputnik. Девид Малпс, раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар Маркази мутолеоти стротежӣ ва байналмилалӣ гуфтааст, ки бо тасарруфи Афғонистон аз сӯйи "Толибон"* ва фурӯпошии иқтисоди ин кишвар интизор надорад, ки фаъолияташро дар ин кишвар аз сар бигирад.

"Бо таваҷҷуҳ ба фурӯпошии комили иқтисод мо фикр намекунем, ки фаъолиятамонро дар Афғонистон аз сар бигирем. Яке аз мушкилот ин низоми пардохт аст. Бо назардошти иқдомоти ҳукумати феълӣ имкони вуруди воқеии пули нақд вуҷуд надорад", - гуфт ӯ.

Бонки Ҷаҳонӣ беш аз 20 тарҳи рушд дар Афғонистон дорад ва аз соли 2002 ба ин сӯ ба ин кишвар 5,3 миллиард доллар, асосан дар шакли грант ироа кардааст.
Доллары  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
ХБА ҳамкорӣ бо Афғонистонро қатъ кард ва ба "Толибон" шарт гузошт
Дар пайи суқути Ҳукумати Афғонистон Сандуқи Байналмилалии Пул низ кумакҳояш ба ин кишварро мутаваққиф ва шартҳояшро барои ироаи кумаку қарзҳо баён дошт.
Ёдовар мешавем, баробари суқути ҳукумати пешини Афғонистон ИМА низ дастрасӣ ба тамоми суратҳисобҳои хориҷии ин кишварро масдуд кард.
Ҳоло ин маблағҳо, ки наздик ба 10 миллиард доллар гуфта мешаванд, барои ҳукумати худхондаи "Толибон"* дастрас нестанд.
Гурӯҳи "Толибон"* борҳо мустақиман ва аз тариқи дигар давлатҳо аз ИМА хостааст, ки суратҳисобҳои ҳукумати пешинро боз кунад, аммо Кохи Сафед низ дар посух шартҳои худро гузоштааст.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала