Лавров гуфт, Русия ҳама таҳдидҳо аз Афғонистонро таҳлил мекунад

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2021
Сергей Лавров гуфт, Русия ва Қазоқистон аз мавқеи ба ҳам мувофиқ бо ҳукумати нави толибон муколама ба роҳ мемонад
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, Русия дар якҷоягӣ бо Қазоқистон таҳдидҳои аз Афғонистон омадаро таҳлил мекунад, омадааст дар матлабе, ки дар "Российская газета" нашр шудааст.
Лавров қайд мекунад, ки Русия ва Қазоқистон мавқеҳои шабеҳ дошта, бо ҳукумати муваққати Афғонистон барои созиши пойдори байни афғонҳо ва амнияти марзҳои ҷанубии ИДМ муколама роҳандозӣ мекунанд.
"Муттаҳадӣ ба мо дар ҳалли мушкилоти амалиётӣ кӯмак мекунад. Мо мунтазам таҳдидҳои террористӣ ва маводи мухаддирро, ки аз Афғонистон бармеояд, якҷоя таҳлил мекунем”, - таъкид кард вазири корҳои хориҷии Русия.
Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки тибқи шартномаи байни Қазоқистон ва Русия дар бораи ҳамсоягии нек ва иттифоқ дар асри 21, кишварҳо сиёсати хориҷии ҳамоҳангшуда бар асоси тааҳҳудоти иттифоқӣ ва истифода аз имконоти иттиҳодияҳои бисёрҷонибаро пеш мебаранд.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Лавров: Муҳим аст, ки кишварҳои ОМ - ро аз “резиши” террористон аз Афғонистон ҳимоят кунем
Сергей Лавров афзуд, ки иқдомоти ҳамоҳангшудаи Маскав ва Нурсултон имкон медиҳад, ки “сатҳи зарурии амният”, ҳамчунин дахлнопазирии марзҳои ду кишвар ва “ҳампаймонҳои наздик” таъмин карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала