Бо кӯдакон дар ҳавои сард: ҳоли зори ҳазорон муҳоҷир дар марзи Беларусу Лаҳистон - видео

Дар марзи Белорусу Лаҳистон ҳазорон муҳоҷир бо фарзандони кӯчаки худ дар ҳавои сард шабро саҳар карданд
Чанд ҳазор гуреза дар гузаргоҳи марзии Кузнитса-Брузги, дар марзи Лаҳистону Беларус урдӯгоҳ сохтаанд.
Қаблан як гурӯҳи бузурги муҳоҷирон талош карда буданд, ки аз Беларус ба қаламрави Иттиҳодияи Аврупо ворид шаванд, аммо мақомоти Лаҳистон гузаргоҳи марзиро баста ва барои ҳифзи он нерӯҳои изофӣ ҷалб карданд.
Беларус ҳузури муҳоҷирон дар сарҳадро қонунӣ гуфт
Дар ҳамин ҳол гурезаҳое, ки ба хоки Лаҳистон ворид нашудаанд, дар назди марз хайма заданд ва бо кӯдакони худ шабро саҳар карданд. Муҳоҷирон гирдогирди хаймаҳои худ оташ барафтохта, худро аз сардӣ наҷот доданд.
Аз навор чунин бармеояд, ки миёни гурезаҳо кӯдакони хӯрдсол кам нестанд.
Қаблан нерӯҳои дифои марзии Лаҳистон хабар дода буданд, ки 100 фисади сарбозон барои амалиёт омодаанд.
Вазири мудофиаи миллии Лаҳистон Мариуш Блашчак дар навбати худ гуфт, ки шумораи сарбозони артиши ин кишвар дар марз ба 12 ҳазор нафар расидааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала