Қирғизистон пас аз чаҳор сол аз буҳрони энергетикӣ мебарояд: президент ваъда дод

CC0 / Pxhere / Линия электропередачи
Линия электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2021
Кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов ваъда додааст, ки дар ояндаи наздик ин кишварро аз бунбасти энергетикӣ берун меорад
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Масъалаи мушкили нерӯи барқ дар Қирғизистон то соли 2025 ҳалли худро пайдо мекунад, ваъда додааст Президенти ин кишвар Содир Ҷабборов.
Кишвардори Қирғизистон дар сафҳаи "Facebook"-и худ навиштааст, ки кишварашро то соли 2025 аз буҳрони энергетикӣ раҳо мекунад.

"Худо хоҳад, то солҳои 2024-2025 системаи энержиро аз буҳрон мебарорем ва ба кишвари содиркунандаи нерӯи барқ табдил меёбем. Ҳоло агар вазири энергетикаро зинда фурӯ барем, ин система барқарор намешавад. Мушкилоти азим вуҷуд дорад ва бояд сабр кунем", - навиштааст ӯ.

Президент зикр намудааст, ки соли гузашта вазъи системаи энергетикиро дида, дар ҳайрат мондааст. Ӯ ҳамон замон ба Вазорати энергетика супориш додааст, ки минбаъд як танга қарз ҳам нагирад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазири энергетикаи Қирғизистон аз қатъи интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Қирғизисон хабар дода буд.
Бекмурзаев иллати қатъи интиқоли барқро ба нигаронӣ ва шӯру ғавғои шаҳрвандони Тоҷикистон рабт медод.
"Баъди интишори маълумот дар бораи воридоти нерӯи барқ ​​аз Тоҷикистон шӯру ғавғо баланд шуд, зеро онҳо низ сиёсатмадор доранд. Мо тавонистем, ки танҳо чор рӯз барқ ​​гирем”, - гуфта буд Бекмурзаев.
Линии электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2021
Тоҷикистон содироти нерӯи барқ ​​ба Афғонистонро кам карду ба Қирғизистон дод
Хабари интиқоли барқ ба Қирғизистон мавриди бархӯрди шадиди шаҳрвандон қарор гирифт. Ба навиштаи сокинон, дар сурати набудани таъминоти пурраи дохилӣ содироти он ғайри қобили қабул аст. Аз нигоҳи сиёсӣ низ гуфта мешуд, Тоҷикистон набояд чунин иқдом мекард.
Аммо баъди чанд рӯз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар шарҳи содирот гуфт, ки пешниҳоди интиқоли нерӯи барқ ба кишвари ҳамсоя аз ҷониби ҳамкорони қирғиз сурат гирифт.
Илова бар ин вазорат таъкид карда буд, ки нерӯи барқ ​​фурӯхта намешавад: ҷараён тибқи усули мувозинати ҷараёни барқ ​​дар системаҳои энергетикии Осиёи Марказӣ ва минтақаи ҷанубии Қазоқистон сурат мегирад.
Ин ниҳод мегуфт, ҷониби Қирғизистон буд, ки барои хариди барқ ба ҶСК "Барқи Тоҷик" нома фиристодааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала